Русия, Туркия ва Эрон дар робита ба ҳалли низои Сурия созишномаро ба имзо расонданд. Ин санад самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаи се кишварро дар доираи ҳалли осоиштаи низои Сурия муайян хоҳад кард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Русия Владимир Путин 22 ноябр, баъди анҷоми саммити сеҷониба дар шаҳри Сочӣ гуфт, раҳбарони се кишвар ба ниҳодҳои дипломатӣ, амният ва дифои худ дастур доданд, ки болои созмони Конгресси мардуми Сурия кор кунанд.
Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ гуфт, ки ин конгресс ба таҳияи конститутсияи нави Сурия мусоидат хоҳад кард. Интизор меравад, дар асоси он дар ин кишвар интихобот баргузор шавад.
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон афзуд, ки бояд дастрасии мунтазами шаҳрвандони Сурия ба кумакҳои башардӯстона фароҳам карда шавад.
Русия аз охирҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Сурия амалиёти низомӣ мегузаронад. Ҳадафи расмии он мубориза бо терроризм аст. Ба иттилои Reuters, тайи 11 моҳи соли равон дар Сурия 40 сарбоз ва мутахассиси низомии рус кушта шудаанд. Путин пеш аз мулоқот бо ҳамтоёни эрониву туркаш гуфт, ки рӯзҳои наздик амалиёти низомии кишвараш дар Сурия ба поён расида, "равандҳои сиёсӣ" оғоз хоҳанд шуд.
Кишварҳои Ғарб борҳо Кремлро айбдор карданд, ки амалиёти низомии Русия ба ҳимоят аз режими Башор Асад ва мубориза бо мухолифони ӯ равона шуда, дар натиҷаи бомбаафканиҳои Димишқу Москва сокинони осоишта ҷон медиҳанд.
Аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунед! Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон
“Қонуни тиб”-и Сино барандаи Шоҳҷоиза шуд
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста