Пешвои созмони террористии Давлати исломӣ Абӯ Бакр ал-Бағдодӣ зинда ва дар бемористони ташкилот дар минтақаи шимолу шарқи Сурия табобат мегирад.
Бино ба маълумоти CA-NEWS, роҳбари шуъбаи иктишоф ва мубориза бо терроризми ВКД Ироқ Абӯ Алӣ ал-Басрӣ изҳор доштааст, ки ӯ доир ба зинда будан ва пинҳон шудани ал-Бағдодӣ далелҳои раднопазир дорад. Ал-Бағдодӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ ба истеҳкомҳои созмон дар Ироқ аз пойҳояш захм бардошта, мутстақилона ҳаракат карда наметавонист.
Ал-Басрӣ қайд кардааст, ки пешвои Давлати исломӣ «рӯзҳои охирианшро паси сар мекунад». Ба қавли номбурда, чанде қабл роҳбари созмон «ба госпитали гурӯҳ дар минтақаи Ал-Ҷазира» дар қаламрави Сурия, наздикии марз бо Ироқ оварда шудааст.
Моҳи декабри соли гузашта низомиёни Ироқ изҳор дошта буданд, ки пешвои Давлати исломӣ зинда ва дар яке аз мавзеъҳо дар марзи Ироқу Сурия паноҳ мебарад.
Қобили зикр аст, ки соли 2017 дар бораи марги роҳбари Давлати исломӣ чандин маротиба хабарҳо пахш шуда, лекин ҳеҷ кадоме аз онҳо тасдиқ нашуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Президенти Русия қонуни назорати муҳоҷирон тариқи телефонро имзо кард
Британия қоидаҳои муҳоҷиратро сахттар мекунад. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Мафҳили адабии “Ҳумоюн” дар Душанбе бо иштироки шоирон Фарзона ва Озарахш
Ҷонибек Муродов: Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ!
Ҳарвард маъмурияти Доналд Трампро ба додгоҳ кашид. Ин донишгоҳро аз ҳақи қабули донишҷӯёни хориҷӣ маҳрум карданд
Даври панҷуми музокироти Эрон ва Амрико ҳам “бо пешрафтҳои начандон қатъӣ” анҷом ёфтааст
Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста