Раҳбари мухолифони Арманистон Никол Пашинян пас аз он ки порлумони ин кишвар зидди номзадии ӯ ба мақоми сарвазирӣ раъй дод, аз ҷонибдорони худ даъват кард, то тамоми кӯчаву хиёбонҳо ва фурудгоҳи шаҳри Ереванро бибанданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, порлумони Арманистон 1 май аз номзадии Пашинян ба мақоми сарвазирии ин кишвар ҳимоят накард. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ танҳо 45 вакил раъй дода, 55 тани дигар зид баромаданд.
Раҳбари мухолифони Арманистон шаби ҳамон рӯз дар майдони "Республика"-и Ереван суханронӣ ва аз ҷонибдорони худ даъват кард, ки дубора даст ба нофармонии маданӣ бизананд.
"Аз соати 8:15 дақиқа тамоми роҳҳо баста ва корпартоии сартосарӣ эълон хоҳад шуд. Ҳамчунин фурудгоҳу роҳи оҳан низ баста мешаванд. Ҳаракати мо бидуни пирӯзӣ ба поён нахоҳад расид. Аз фардо нофармонии мадании умумӣ оғоз хоҳад шуд", - гуфт Пашинян.
Ба гуфтаи вай, пайравонаш ҳамоиши осоиштаи эътирозӣ баргузор хоҳанд кард ва аз кормандони пулис даъват кард, ки чӯбдастҳои худро гузошта, ба мардум бипайванданд.
Бар пояи қонунҳои Арманистон, агар порлумон дар ҷаласаи вижаи худ натавонад сарвазирро интихоб кунад, пас аз 7 рӯз дубора раъйгирӣ баргузор хоҳад кард. Агар дар раъйгирии дувум ҳам интихоб нашавад, порлумон пароканда ва интихоботи нави порлумонӣ эълон хоҳад шуд.
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Воситаҳои пардохт дар Тоҷикистон ҳоло ҳам асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешаванд
Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста