Парлумони Чеченистон омода аст, ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро пешниҳод кунад. Ахиран ин масъала дар Шӯрои парлумони Чеченистон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки як шаҳрванд ҳаққи се давра пайи ҳам президенти Русия интихоб шуданро дошта бошад.

Гуфта мешавад, моҳи апрели соли ҷорӣ Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон гуфт, барои Русия ҷойгузине ҷуз Владимир Путин вуҷуд надорад. Қодиров гуфт, набояд муҳлати сари қудрат мондани Путин маҳдуд шавад.

"Қонунро кӣ эҷод кардааст? Конститутсияро кӣ? Мардум! Агар ба нафъи мардум бошад, чаро мо тағйирот ворид карда наметавонем? Ман аз номи худам мегӯям: мо ҳатто набояд иҷозати Путинро пурсем! Мардум, Шӯрои Федератсия, Думаи давлатӣ, дигар ниҳодҳои давлатӣ бояд ташаббус нишон диҳанд ва чунин қароре қабул кунанд", - гуфт Қодиров.

Владимир Путин аз соли 2000 ба ин тараф дар курсии роҳбарии Русия нишастааст. Бори аввал вай моҳи майи соли 2000-ум президент интихоб шуд ва ду давра - то соли 2008 президентӣ кард. Аз соли 2008 то 2012 сарвазир буд ва аз 2012 то имрӯз дар курсии президентӣ нишастааст.

Дар аҳди Путин ба қонунҳо тағйироте ворид шуд, ки бар асоси он як шаҳрванд ҳақ пайдо кард, то ду давраи 6-сола сари қудрат бошад. 7 майи соли ҷорӣ Путин бори чаҳорум ба ҳайси президенти Русия савганд ёд кард. Вай то соли 2024 сари қудрат хоҳад буд.