Дар Гватемала ҳангоми хурӯҷи вулкани Фуэго на камтар аз 25 одам кушта, наздики 300 тани дигар захмӣ ва бештар аз ду ҳазор сокин ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба ВВС, айни замон хуруҷи вулкан идома дорад ва шумори қурбониён мумкин аст, афзоиш ёбад, Ба иттилои расонаҳо, дарёи оташ як деҳаро иҳота карда, сокинонро ба коми худ бурдааст.

Гуфта мешавад, аз хуруҷи вулкан фаъолияти ягона хати парвоз ва нишасти  фурудгоҳи Ла-Аурорро қатъ шуда, дар саросари ин кишвар сатҳи "зард"-и хатар эълон шудааст.

Бино бар баҳогузории Институти миллии вулқаншиносӣ, забонаҳои вулкан то баландии 10 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад. Вулкани Фуэго дар фосилаи 40 километр аз пойтахти ин кишвар ҷойгир аст. Хурӯҷи кунунии вулкан аз соли 1974 ба ин тараф яке аз хурӯҷҳои хатарнок унвон мешавад.