Ба хонаи Ҳилларӣ ва Билл Клинтонҳо дар Ню-Йорк афроди ношинос ду дастгоҳи тарканда фиристоданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи The New York Times, дастгоҳҳои таркандаро кормандони почта пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, фиристандаи бомба ба манзили Клинтонҳо, коргоҳи президенти пешини ИМА Барак Обама, телевизиони CNN ва миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос ба эҳтимоли зиёд як нафар ё як тим аст.

“Ба ҷуз ин, ба додситони пешин Эрик Холдер ва когрессмен Дэббӣ Вассерман Шултс дар Флорида ҳам бомба фиристодаанд. Дар ин бора пулиси Ню-Йорк хабар медиҳад. Ба иттилои мақомот, ин бомбаҳои худсохт будаанд”, - қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки президенти ИМА дар ин робита гуфтааст, ки дар Амрико хушунати сиёсӣ вуҷуд надорад. Доналд Трамп изҳор намудааст, ки дар мавриди бомбафиристӣ таҳқиқи густардае шуруъ шудааст.