Модари Муртазо Аҳмадӣ мегӯяд, ки пас аз машҳур шудани Муртазо Аҳмадӣ Толибон чанд маротиба таҳдиди куштори писарашро кардаанд ва онҳо маҷбур шудаанд, ки тарки хона карда, дар Кобул макони амнтар пайдо намоянд, менависад Euronews.

Муртазо Аҳмадӣ, кӯдаке аз қавми ҳазораҳои Афғонистон замоне машҳури ҷаҳон гашт, ки бо либоси “худдӯхти” футболбози шинохтаи дастаи футболи Барселона ва тими мунтахаби Аргентина Леонел Мессӣ дар наворе пайдо шуд ва аз меҳри ба футбол ва Мессӣ доштааш қисса кард. Пас аз пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Леонел Мессӣ аввал ба ӯ либоси варзишӣ бо соядасташ фиристод ва баъдан бо ӯ мулоқот намуд. Имрӯз Мутразо Аҳмадиро одамони зиёд, ҳам дар Афғонистон ва ҳам берун аз он, ҳамчун “Мессии кӯчак” мешиносанд.

Ҳамин шӯҳрати соҳибгаштааш имрӯз омили аслии таҳдидкунанда ба ҳаёти ӯ гаштааст. Гурӯҳи террористии Толибон қасди куштани ӯро кардаанд. Шафиқа Аҳмадӣ, модари “Мессии кӯчак” ба шабакаи “Euronews” гуфтааст, ки “намедонам барои чӣ Толибон ӯро дӯст надоштанд. Аз рӯзе, ки машҳур гашт, Толибон ҳамеша таҳдиди боздошт ва пора кардани ӯро мекунанд”.


Бино ба гуфтаи модари Муртазо Аҳмадӣ, оилаи онҳо маҷбур шудаанд хонаи худ дар вилояти Ғазниро тарк намоянд ва аз амалиётҳои низомии Толибон паноҳ баранд. Аммо дар Кобул ҳам, ки акнун паноҳгоҳ ёфтаанд, вақти ба кӯча баромадан онҳо рӯйи Муртазоро пинҳон мекунанд. Либоси варзишии Мессӣ тӯҳфа намуда дар хонае, ки тарк кардаанд, боқӣ мондааст.

Ин маротибаи аввал нест, ки Толибон қасди куштори чеҳраҳои шинохта мекунанд. Қабл аз ин, Толибон ба Малола Юсуфзай, духтараки покистонӣ, ки аз сӯйиқасди ҷанговарони ин гурӯҳ саломат монду ҷойизаи сулҳи Нобел гирифт, чандин маротиба таҳдиди куштор карда буданд ва ошкор эълон карданд, ки ӯро пайдо ва нобуд хоҳанд кард.