Порлумони Британияи Кабир рӯзи сешанбе пешниҳоди сарвазир Тереза Мэйро дар бораи нақшаи бурунрафт аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) рад кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, аз санад танҳо 202 вакил ҷонибдорӣ карда, 432 кас зид баромаданд. Порлумон тағйиру иловаҳоеро низ напазируфт, ки бар асоси он Британия метавонист якҷониба аз ҳамоҳангсозии нақшаи марзи Ирландияи Шимолӣ ва ҷумҳурии Ирландия бо Брюссел худдорӣ кунад.

Қобили зикр аст, ки раъйгирии рӯзи сешанбе бузургтарин бохти сарвазири Британия дар порлумон тайи 95 соли ахир буд. Тереза Мэй талош кардааст, вакилонро қонеъ кунад, аз созишномае ҷонибдорӣ кунанд, ки ҳукумати ӯ дар натиҷаи гуфтугӯҳои тӯлонӣ бо ИА ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, раҳбари Ҳизби мухолифи Коргари Британия Ҷеремӣ Корбин ба порлумон пешниҳод дар бораи изҳори нобоварӣ ба ҳукумати ин кишварро ироа кард. Раъйгирӣ дар ин бобат шоми имрӯз баргузор мешавад.

Ба сарвазир Тереза Мэй истеъфо таҳдид мекунад. Моҳи декабри соли гузашта дар дохили ҳизби муҳофизакор барои изҳори нобоварӣ ба Мэй раъйгирӣ сурат гирифт. Ӯ пирӯз шуд, вале ҷонибдоронаш он қадар зиёд набуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Британия 29 марти соли 2019 ИА-ро тарк мекунад. Кишварҳои ИА созишномаи бурунрафти онро дар саммити 25 ноябри соли 2018 имзо карданд. Бар пояи созиш, Британия аз иттиҳод берун мешавад, вале бо он робитаҳои зич хоҳад дошт.

Мунаққидон мегӯянд, шартҳои созишнома Британияро ба як кишвари "зердаст" табдил хоҳад дод. Зеро баъди бурунрафт низ бояд як қатор қоидаҳои ИА-ро риоя кунад. Агар созишнома қабул нашавад, Британия аз ИА бидуни он хориҷ хоҳад шуд.