Як сокини шаҳри Лондон эҳтимол аст, дар таърихи тиб дувумин шахсе шавад, ки аз вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) табобат меёбад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, тибқи натиҷаи таҳқиқоти нашркардаи маҷаллаи "Nature", дар бадани ин сокини Лондон, ки чанд сол пеш пайванди ҳуҷайраҳои ирсии инсон сурат гирифта буд, нишонаҳои ВИЧ дубора мушоҳида нашудааст.

Гуфта мешавад, агар озмоишҳои баъдӣ низ ангал ё вируси мазкурро дар бадани ӯ, ки ному насабаш ифшо намешавад, ошкор накунанд, дар таърихи тиб дувумин ҳолате хоҳад шуд, ки бемор аз ВИЧ наҷот меёбад.

Ҳолати якум 12 сол пеш, дар натиҷаи пайванди мағзи устухон рух дода буд. Вале донишмандон то ҳол натавонистаанд, ин таҷрибаро комёбона такрор кунанд.


Сокини Лондон дар посух ба номаи нашрияи New York Times навиштааст, ки эҳтимоли табобат ёфтани ӯ аз ВИЧ барои худаш "ҳайратовар" буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.