Президенти Русия Владимир Путин 4 март иҷрои Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвозро манъ кард, ки миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА имзо шуда буд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи Кремл, дар фармони президенти Русия сабаби ин тасмим "нақзи созишнома аз ҷониби ИМА" гуфта шудааст.
Гуфта мешавад, Вазорати умури хориҷии Русия бояд ҷониби Амрикоро аз ин қарор огоҳ кунад. Фармони президент дар бораи қатъи иҷрои созишнома аз дирӯз эътибор пайдо кард.
Қаблан дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки паймони низомӣ бидуни Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвози Русия ва ИМА "ба сулҳ омода мешавад". Раҳбари паймон гуфт, Москва барои баргашт ба риояи созиш фурсати охиринро дорад. Столтенберг аз Русия даъват кард, ки ин фурсатро аз даст надиҳад. Ӯ гуфт, ки НАТО аз пайи сабқати таслиҳотӣ нест ва мушакҳои ҳастаиро дар Аврупо мустақар намекунад.
ИМА рӯзи 2 феврал ба раванди берун шудан аз қарордоди маҳдудияти таслиҳоти мушакӣ оғоз кард. Санадро соли 1987 Роналд Рейган ва Михаил Горбачев имзо карда буданд. Амрико мегӯяд, ки ворид шудани мушаки 9М729 "Новатор" ба таслиҳоти Русия шарти созишномаро нақз кард.
Баъди қазияи латукӯби сарбозон, Додситонии кулл назорат бар меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро пурзӯр кард
Арзиши футболбозони Тоҷикистон 1,45 млн евро боло рафт
Душанбе. Дар куҷо метавон ройгон ва бехатар оббозӣ кард?
Мезанад! Яъне дӯст медорад?
“Аҷдодони мо ба ҳама чиз такон бахшиданд”: оғози таҳияи филм доир ба саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ
Муовини волии Бадахшони Афғонистон кушта шуд
Ҷаҳиши ҳайратовари ҷудокордухтари 15-солаи тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ
Муҳоҷират ва ҷанг: чаро тоҷикони дорои шаҳрвандии Русия акнун ин кишварро тарк карда наметавонанд?
Сафорати Эрон дар Арабистони Саудӣ пас аз ҳафт сол дубора боз шуд
$80 млрд. зарари Тоҷикистон аз “фирори мағзҳо”. Чаро он меафзояд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста