Дар шаҳри Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон чор таркиш ба амал омад, ки бар асари он 4 нафар ҳалок ва наздики 20 тани дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад агентии Pajhwok.

Таркишҳо дар майдони Талошӣ пас аз намози шом ҳангоми ифтор ба вуқӯъ пайваста, мақомоти маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки маводи тарканда дастисохт буд.

Амали террористии навбатӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки санаи 9 май дар Қатар гуфтушуниди сулҳомези марҳилаи шашум байни ИМА ва ҳайати “Толибон” бидуни комёбии назаррасе анҷом пазируфт. Дар ин гуфтушунид масоили ихроҷи пурраи нерӯҳои ҳарбии хориҷӣ ва дар қаламрави Афғонистон паноҳгоҳ надодан ба дигар гурӯҳҳои террористӣ баррасӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид намояндаи махсуси ИМА оид ба масоили созиш дар Афғонистон Залмай Халилзод пешрафт дар гуфтушунидҳоро нокофӣ хонда, аз ҷонибҳо дархост намуд, ки баҳри коҳиши сатҳи зӯроварӣ тадбирҳо андешанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.