Амрико ба Шарқи Наздик ҳазор низомии дигар мефиристад. Патрик Шэнахан, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ИМА дар ин бора фармон содир кард. Аммо муҳлати буду боши низомиҳо дар Шарқи Наздик ошкор нашудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар изҳороти Пентагон омадааст, ки фиристодани низомиҳои иловагӣ ба хотири пешгирӣ аз иқдомҳои Эрон дар минтақа, рӯи даст гирифта шудааст.

Ахиран мақомоти низомии ИМА аксҳоеро нашр карданд, ки ба бовари коршиносон, ҳамлаи Эрон ба нафткашҳои халиҷи Умонро собит мекунанд. Доналд Трамп, президенти ИМА низ пештар аз ин масъулияти ҳамла ба нафткашҳоро ба дӯши Эрон бор кард. Эрон дар навбати худ ин айбҳоро рад мекунад.

Мақомоти Эрон дирӯз гуфтанд, ки сар аз 27 июн маҳдудияти ғанигардонии уранро бекор мекунанд. Маҳдудияте, ки дар пайи созишномаи соли 2015 ҷорӣ шуд. Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон гуфт, то замоне, ки кишварҳои узви созишнома паёми мусбат надиҳанд, Эрон аз иҷрои бандҳои созишнома дурӣ меҷӯяд.

ИМА моҳи майи соли 2018 созишномаро ноодилона унвон кард ва аз он хориҷ шуд. Бар асоси созишнома, дар ивази бекор кардани таҳримҳои иқтисодии кишварҳои Ғарбӣ ва ИМА Эрон мебоист, аз сохтани силоҳи ҳастаӣ даст кашад. Баъди хуруҷ аз созишнома, Вашингтон бархе аз таҳримҳоро нисбати Эрон дубора ҷорӣ кард.

Як моҳ пеш Пентагон ба Шарқи Наздик 1,5 ҳазор низомӣ фиристода буд. Он замон низ гуфта мешуд, ки ирсоли низомиҳо ба хотири фаъолшавии Эрон дар минтақа аст.