Пулиси Гурҷистон дар пароканда кардани тазоҳуроти назди бинои порлумони ин кишвар дар Тифлис аз чӯбдасти резинӣ ва гази ашковар истифода кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустии Гурҷистон, дар ҷараёни тазоҳурот 14 эътирозгар ва 38 корманди пулис осеб дидаанд.

1/4

Гуфта мешавад, бегоҳии рӯзи панҷшанбе наздики даҳ ҳазор одам дар назди бинои порлумони Гурҷистон ҷамъ шуданд. Ба эътирози сокинон иштироки вакили порлумони Русия Сергей Гаврилов дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипорлумонии ду кишвар сабаб шуд.

Сергей Гаврилов пеш аз сафари худ ба Гурҷистон гуфт, аз эътирофи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳамчун қаламрави Русия ҷонибдорӣ мекунад.

Эътирозгарон талаб доранд, ки раиси порлумон ва вазири умури дохилии Гурҷистон истеъфо диҳанд. Раиси порлумон Ираклий Кобахидзе аллакай гуфт, ки аз мақомаш истеъфо доданӣ нест.

Тазоҳургарони Тифлис ба бинои порлумони Гурҷистон ворид шуданд. Сарвазир Мамука Бахтадзе, вазири умури дохилӣ Георгий Гахария ва раиси Хадамоти муҳофизати давлатии Гурҷистон Анзор Чубинидзе ба бинои порлумон ҳозир шуданд.

Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аз кормандони пулис даъват кард, ки ба сафи эътирозгарон бипайванданд.