Минтақаи Аврупоро гармии африқоӣ фаро гирифт. Бахусус барои сокинони Париж душвор омад, ки ҳарорат он ҷо то ба 41 дараҷа гармӣ расида, ин рекорди мутлақ тӯли тамоми таърихи мушоҳидаи ҳарорати обуҳаво аст, менависанд ВАО.

Дар Белгия ҳам 40 дараҷа гармӣ ҳукфармост: ин нишондиҳанда баландтарин дар таърихи ин кишвар аз соли 1883 мебошад. Дар чанде аз шаҳрҳои Олмон ва Нидерланд ҳарорат беш аз 40 дараҷа, дар Италия ва Испания то 38 дараҷа гарм аст. Ҳарорат ҳатто дар шимоли Русия низ хеле гарм шуд: дар Архангелск то 28 дараҷа.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.