Хадамоти махсуси Эрон 8 касро боздошт кард, ки дар ҳамкорӣ бо Идораи марказии иктишофии ИМА (ЦРУ) гумонбар мешаванд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба IRNA, Теҳрон иддао дорад, ки боздоштшудаҳо зери ниқоби рӯзноманигори шаҳрвандӣ ба ҷосусӣ машғул буданд. Онҳо гӯиё дар бораи эътирозҳои ҷорӣ дар Эрон маълумот ҷамъоварӣ карда, ба хориҷ мефиристоданд.

Гуфта мешавад, Вашингтони расмӣ то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

Эътирозҳо 15 ноябр якбора дар чандин шаҳри Эрон оғоз шуданд. Ба норозигии сокинон болоравии нархи бензин (тақрибан то ба 13 сент барои як литр) сабаб шуд. Мақомот гуфтанд, танҳо бо ҳамин роҳ имкони ҳалли мушкилиҳои иқтисодие вуҷуд дорад, ки дар пайи таҳримҳои ИМА ба миён омадаанд.

Эътирозҳо дар Эрон. Урмия, 16 ноябри соли 2019
Soheil Faraji, ISNA

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International бо истинод ба шоҳидон ва фаъолони эронӣ иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи пароканда кардани тазоҳургарон дар беш аз 20 шаҳри Эрон дасти кам 106 кас кушта ва наздики 1000 нафар боздошт шудаанд.

Намояндаи Эрон низ аз ҳалокати даҳҳо нафар хабар дод. Мақомоти Эрон ин рақамҳоро рад мекунанд, вале шумори дақиқи қурбониёнро эълом намекунанд.​

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз тазоҳургарони Эрон даъват карда буд, ки ба департамент аксу видеоҳои эътирозҳоро фиристанд. Ӯ гуфт, Вашингтон ба иллати хушунат ва таъқиби фаъолон зидди Теҳрон таҳрим эълом мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.