Чин зидди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор созмонҳои ғайридавлатиии муқими ин кишвар таҳрим эълом кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Чин, сухан аз вокуниш ба "амалкардҳои бемасъулиятона"-и Вашингтон ва дахолат ба умури дохилии Пекин дар робита ба ҳаводиси Гонконг меравад.

Гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд, мақомоти Чин ду қонунеро дар назар доранд, ки ИМА дар робита ба ҳимояти ҳуқуқи инсон ва эътирозгарон дар Гонконг қабул кард.

Қонунҳои мазкур эъломи таҳрим зидди мақомҳои расмии Чин ва Гонконгро, ки ба нақзи ҳуқуқи инсон дар минтақаи худмухтор айбдор мешаванд, пешбинӣ мекунад. ИМА содироти таҷҳизот ва техникаро барои кормандони пулис низ ба Гонконг манъ кард.

Зикр мегардад, ки Пекин ҳамчунин зидди созмонҳои байналмилалии ғайридавлатии Human Rights Watch ва Freedom House таҳрим эълом кард. Ин созмонҳо ба ҳимоят аз эътирозгарони Гонконг айбдор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.