Амрико дар баробари нӯҳ кишвари дигар Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои мояи нигаронии хос аз назари муроот накардани ҳуқуқи динӣ шомил кард. Дар ин бора Майк Помпео вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 20-уми декабр хабар дод ва гуфт, ҳимоят аз ҳуқуқи мазҳабӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии раиси ҷумҳур Доналд Трамп аст ва ҳадафи феҳраст идомаи ин кори муҳими ҳукумат аст.
Дар як баёнияи расмии Майк Помпео, ки вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 20-уми декабр нашр кард, омадааст: “Рӯзи 18-уми декабр вазорати умури хориҷӣ Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистонро дигарбора кишварҳои мояи нигаронии хос эълон кард” чунки ба бовари вазорат ин кишварҳо пайваста ва мудавом “озодиҳои диниро ошкоро маҳдуд кардаанд ва ё помол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд”.
Туркманистон ҳам айни Тоҷикистон дар қатори кишварҳои мояи нигаронии хос “истодааст” ва вазорати умури хориҷии Амрико Узбекистонро дар радифи Русияву Коморро дар феҳрасти кишварҳои зери назорат нигаҳ дошт, ки “ҳуқуқи динии мардумро бисёр сахт зери по мекунанд”.
Мақомоти Тоҷикистон ҳануз ба ин эълони ҳукумати Амрико вокунише нишон надодаанд, вале дар гузашта гуфтаанд, ки дар кишвар “ҳама ҳуқуқи мазҳабӣ риоят мешавад” ва арзёбиҳои хориҷиён аз вазъи ҳуқуқи динии мардум ғаразмандона ва нодуруст аст.
Амрико се сол боз, яъне аз соли 2016 то кунун Тоҷикистонро дар ин феҳрасти кишварҳои помолкунандаи ҳуқуқи мазҳабӣ қарор додааст. Бар асоси муқаррароти Иёлоти Муттаҳида, ҳукумати кишвар метавонад, ба зидди ин кишварҳо таҳримот эъмол кунад, вале расман гуфтааст, ки бо назардошти аҳаммияти зиёди Тоҷикистон барои манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида аз ин кор худдорӣ мекунад.
Дар баёнияи расмии Майк Помпео омадааст: “Мо бовар дорем, ки ҳар кас дар ҳама ҷо ва ҳамеша ҳақ дорад, бар асоси фармудаҳои эътиқодоташ зиндагӣ кунад”.
Кумиссиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодиҳои динӣ моҳи майи имсол бо нашри гузориши солонааш дар бораи озодиҳои мазҳабӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон дар соли 2018 мақомот ҷанбаҳои гуногуну мушаххаси эътиқоду бовари мардумро назорат мекарданд. “Аз ҷумла маросимҳои тӯй ва ҷанозаро маҳдуд карда, барои риш гузоштан ва ҳиҷобпӯшӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд. Таҳсилоти олии исломӣ тақрибан барҳам хӯрд ва тағйирот ба Қонуни дин аз соли 2009 боиси баста шудани бештар аз 2000 масҷид дар давоми ду соли охир гардид. Зери пардаи мубориза бо ифротгароии динӣ, ҳукумат ба шиканҷаи аъзои собиқи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ идома дод. Аъзои собиқи қатории ҳизбро ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кард ва истирдоди раҳбарони онро аз хориҷа дархост мекунад”.
Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 20-уми декабр ҳамчунин гуфт, ки Ҷабҳат Ан-Нусра, Ал-қоида дар Нимҷазираи Арабӣ, Ал-Қоида, Аш-Шабоб, Боко Ҳарам, Ҳусиҳо, ДОИШ, ҳалқаи Хуросон ва Толибон ба гуруҳҳои мояи нигаронии махсус ворид шуданд.
Ҳалқаи Хуросон яке аз шохаҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” аст, ки аксарияти аъзои онро шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон ташкмл медиҳанд.
Дар баёнияи Майк Помпео омадааст: “Чунин таъйинот дигарбора азми Амрико барои ҳимояти моро нишон медиҳад, ки мехоҳанд аз ҳаққи озодии динӣ ва эътиқод баҳра баранд.“ Майк Помпео гуфтааст, ки ҳукумати Амрико ба чолиш кашидани кишварҳо ва гуруҳҳоеро, ки ин ҳаққи бунёдии инсонро помол мекунанд, идома медиҳад, то онҳо барои амалкардҳояшон посух бигӯянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста