Қуръони шариф чанде пеш дар шаҳри Қарочӣ, маркази аёлати Синди Покистон бо хатти брайл барои истифодаи афроди нобино нашр шудааст. Ин дар ҳолест, ки бори нахуст дар Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2012 ба нобиноён китоби Қуръони шариф бо ҳуруфи Брайл ба забони тоҷикӣ тақдим шуда буд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Форс”, он нахустин нашри китоби Қуръон дар Покистон барои афроди нобино мебошад. То кунун 100 ҷилд аз ин Қуръон нашр шудааст. Аз чопхона гуфтаанд, ки нусхаҳои баъдӣ бо забонҳои мухталиф нашр хоҳанд шуд. Қуръони хатти брайли Покистон дар 6 ҷилд чоп шудааст ва ҳар ҷилд шомили 5 ҷузъ аст.

Кишварҳои Малайзия ва Шри-Ланка аз ин иқдом истиқбол карда, хоҳони нашри бештари он барои афроди нобино шудаанд.

Ҳамчунин соли 2016 хабаргузории “Islam-today” аз нашри махсуси Қуръон барои афроди нобино хабар дода буд.  Он замон нашри онро чопхонаи “Зур Казан”-и фонди “Ярдем” ба уҳда дошт. Қуръонро барои нобиён ройгон тақсим мекарданд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 15-уми майи соли 2012 бори нахуст ба нобиноён китоби Қуръони шариф бо ҳуруфи Брайл ба забони тоҷикӣ тақдим карда шуд. Маросими расмии тақдими китоб ба нобиноён дар Маркази исломии Тоҷикистон доир гардид.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфта буд, ки Қуръони азимушшаън барои нобиноёнро Маркази исломии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе ва бо дастгирии ҳукумати кишвар нашр кардааст. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди умумии китоби мазкур 20 нусха буда, ҳар яки он дар маҷмӯъ аз 9 ҷилд иборат аст.

Раиси онвақтаи Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе Холмаҳмад Тенгниев ба муфтиёту ҳукумат ва ҳамчунин ширкати «Фавз» барои кумак дар таъмини нобиноёни мусулмони Душанбе бо китоби Қуръон изҳори сипос кард.

Он замон Абдуқодирзода дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, Маркази исломӣ омода аст, барои нобиноён натанҳо адабиёти динӣ, балки дигар китобҳоеро низ ба нашр расонад, ки таваҷҷуҳи нобиноёнро ба зиндагиву эҷод ва кор бедор созад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.