Аз рӯйи шумори бештари фавтидагон аз сирояти коронавирус дар саросари дунё қитъаи Амрикои Лотинӣ аз Аврупо пеш гузашт.
Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, айни замон дар ин минтақа зиёда аз 206 ҳазор ҳолатҳои фавт аз сироят ба қайд гирифта шудааст, ки тақрибан 30% аз шумори умумии фавтидагонро аз Covid-19 дар ҷаҳон ташкил медиҳад.
Дар Бразилия, ки дар ин қитъа бештар аз дигар кишварҳо аз вирус осеб дид, то рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар умум 95 ҳазору 819 ҳолати фавт сабт шудааст.
Дар Мексика, ки аз рӯйи шумори осебдидагон баъди Бразилия қарор дорад, 48 ҳазору 869 кас аз коронавирус фавтиданд.
Ҳамчунин паҳншавии коронавирус дар чанде аз кишварҳои ин минтақа - Колумбия, Перу, Аргентина ва Боливия суръат гирифт.
Гуфта мешавад, пас аз сабуксозии тадбирҳои карантин баҳри мусоидат ба рушди иқтисод аз ҷониби ҳукуматдорони кишварҳо, шумори сироятёфтагон афзуд.
Дар ҳамин ҳол, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар ҷаҳон аз ҳадди 700 ҳазор нафар зиёд шуд.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, аз сирояти Covid-19 дар саросари ҷаҳон 700 ҳазору 647 нафар фавтиданд.
Теъдоди шифоёфтагон 11 млн 83 ҳазору 12 касро ташкил дода, шумори умумии ҳолатҳои ошкоршудаи сироятёбӣ ба 18 млн 480 нафар ҳазор расид.
Панҷона (Топ 5)-и кишварҳои аз ҳама бештар сироятёфта
- ИМА — 4,7 млн
- Бразилия — 2,8 млн
- Ҳиндустон — 1,9 млн
- Россия — 859 ҳазору 762
- Африқои Ҷанубӣ — 521 ҳазору 318.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.