Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки бахше аз мардум зиёда аз ду ҳафта боз истеъфояшро талаб доранд, шоми 23-юми август, баъди пароканда шудани норозиён, бо чархбол хиёбони марказии Минскро "гашт".

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод аб хадамоти матбуоти президенти Беларус, ӯ дар даст силоҳ ва дар тан ҷавшан ё либоси тирногузар дошт. Лукашенкоро писари понздаҳсолааш Николай ҳамроҳӣ мекард.

Гуфта мешавад, рӯзи 23-юми август дар шаҳри Минск "Роҳпаймоии Белоруси нав" баргузор шуд ва дар он ҳазорҳо нафар иштирок карданд.

Лукашенко баъд аз "назорати" хиёбонҳо бо чархбол ба Қасри Истиқлол баргашт ва ба нирӯҳои ОМОН ибрози сипос намуд ва ҳамзамон гуфт, "мо бо онҳо ҳисобу китоб мекунем".

скриншот

Зикр мегардад, ки интихоботи президентӣ дар Белорус рӯзи 9-уми август баргузор шуд. Аз он замон то кунун гуруҳе аз сокинон ба натиҷаҳои расмии интихобот, ки Лукашенкоро бори дигар пирӯз эълон кардааст, норозиянд ва истеъфои ӯ ва баргузори интихоботи навро талаб доранд. Эътирозгарон мегӯянд, дар ҳисоби раъйи мардум тақаллуб сурат гирифтааст.

Аммо Лукашенкои 65-сола, ки аз соли 1994 боз дар сари қудрат аст, худро пирӯзи ин корзори сиёсӣ медонад ва иддао дорад, 80 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Рақиби асосии ӯ дар ин интихобот Светлана Тихановская, ки ҳоло дар Литва паноҳ бурдааст, мегӯяд, 60-70 дарсади интихобкунандагон аз ӯ пуштибонӣ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.