Мир Мафтун, яке аз маҳаллихонҳои варзидаи Афғонистон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёде дорад, унвони расмии устодиро дар Афғонистон ба даст овард. Бино ба хабари расонаҳои Афғонистон ,лақаби устодӣ ба Мир Мафтун аз сӯйи Вазорати фарҳангу иттилоот дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи ҳунармандони бурунмарзии Афғонистон эҳдо шудааст.
Бино ба навиштаи торнамои Вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон, ин унвон ба Мир Мафтун, ҳунарманди пуровозаи Бадахшон дар як ҳамоиши хос аз сӯйи сарпарасти Вазорати фарҳанг Муҳаммад Тоҳир Заҳир тақдим шудааст.
Мир Мафтун, ки номи аслияш Меҳрӣ аст, дар вулусволии Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон зода шудааст. Ба гуфтаи худи Мир Мафтун, ӯ аз 8-солагияш овозхонӣ мекунад ва пас аз хидмати сарбозӣ барои таҳсил дар риштаи низомӣ ба Қирғизистон рафтааст ва муддате афсарӣ ҳам кардааст. Баъди пирӯзии ҳукумати муҷоҳидин дар Афғонистон кори афсариро канор гузошта, ба овозхонӣ пардохтааст.
Мир Мафтун таронаву сурудҳои фолклорӣ ва маҳалии Бадахшонро мехонад, ки бо ин оҳангҳо ҳаводорони зиёде дар Афғонистон ва Тоҷикистон дорад. Зимни яке аз сафарҳояш ба Душанбе, дар як суҳбат бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфта буд, ки ниёгонаш аз Кӯлоби Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон рафтаанд ва худро аз хешовандони ҳунарманди зиндаёди тоҷик Одина Ҳошим номида буд.
Ӯ борҳо ба Тоҷикистон ба ҷашнвораҳои гуногун даъват шудаву барномаҳои консертӣ иҷро кардааст. Дар яке аз барномаҳои пурбинандаи телевизиони “Тулуъ”-и Афғонистон “Ситораи афғон” ӯ бо ишора ба як ҷомаи тоҷикии сари китфаш гуфт, ки “ин ҳадяи раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аст”. Мир Мафтун борҳо дар ҷашнвораи “Фалак” ва маросимҳои Наврӯзи Тоҷикистон ширкат кардааст.
Ин овозхон соли 2001 ба хотири маҳоратҳояш дар мусиқӣ ва ба унвони як воситаи фарҳангӣ барои мусиқии мардуми шимоли Афғонистон барандаи ҷоизаи байналмилалии “Шоҳзода Клоус” (Prince Claus)-и Ҳоланд шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Ҳушёрхонаи тиббӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад: ҷараёни қабул ва ёрӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста