Фавзия Кӯфӣ, яке аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонситон, сиёсатмадори бонуфуз ва вакили пешини ин кишвар дар порлумон вориди рӯйхати номзадҳои эҳтимолии ҷоизаи сулҳи Нобел шудааст, хабар медиҳад телевизиони “Тулънеюс”-и Кобул. Фавзия Кӯфӣ ҳоло узви аршади тими музокиротии давлати Афғонистон бо гурӯҳи “Толибон” дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа аст.

Ба иттилои ин шабака дар баробари номи Фавзия Кӯфӣ дар ин рӯйхат ҳамчунин номе бархе аз чеҳраҳои саршиноси ҷаҳонӣ барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел матраҳ шудаанд.

Шӯрои сулҳи Норвей номи Фавзия Кӯфиро ба унвони яке аз номзадҳои эҳтимоли дарёфткунандаи ҷоизаи сулҳи Нобел матраҳ кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки бону Фавзия Кӯфӣ бо вуҷуди душвориҳои сахт дар Афғонистон ва ҳатто ҳамлаҳои мусаллаҳона талошҳо барои сулҳ ва ҳифзи ҳуқуқи занро идома додааст.

Фавзия Кӯфӣ, ки ҳоло раиси Ҳизби мавҷи таҳаввули Афғонистон аст, яке аз сиёсатмадорони матраҳи ин кишвар аст, ки дар хориҷ аз он ҳам матраҳ аст. Ҷосиндо Ордран сарвазири Зеландияи Нав ва Созмони гузоришгарони бидуни марз ҳам аз номзадҳои эҳтимолии сулҳи Нобели имсол гуфта мешаванд.

Фавзия Кӯфӣ зодаи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки 45 сол умр дорад. Ӯро яке аз касоне медонанд, ки дар қабули қонуни манъи хушунат алайҳи зан дар Афғонистон нақши зиёде дорад. Ӯ хатмкардаи риштаи мудирияти бозаргони донишгоҳи Исломободи Покистон ва донишкадаи ҳуқуқи донишгоҳи Кобул аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.