Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон ба 100 млн нафар наздик мешавад, бармеояд аз маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс.
То субҳи 25 январ дар саросари дунё 99 млн 152 ҳазору 14 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, то ин дам 2 млн 128 ҳазору 721 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Аз рӯйи шумори сироятёфтагон ва фавтидагон ИМА пешсаф аст, ки дар ин ҷо зиёда аз 25 млн ҳолати сироятёбӣ сабт шуда, 419,2 ҳазор каси ба ин беморӣ гирифторшуда фавтиданд.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, панҷгонаи аввали давлатҳои бештар шаҳрвандонашон фавтида/сироятёфта аз коронавирус чунин аст:.
- ИМА 419 204 / 25 123 857;
- Бразилия 217 037 / 8 844 577;
- Ҳиндустон 153 339 / 10 654 533;
- Мексика 149 614 / 1 752 347;
- Британия 98 129 / 3 657 857.
Дар Тоҷикистон ҳафтаи дуюм инҷониб ҳодисаҳои сироятёбӣ аз COVID-19а қайд гирифта намешаванд. Тибқи маълуомти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, аз оғози пандемия дар Тоҷикитсон 13 ҳазору 308 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд. Шумори шифоёфтагон 13 ҳазору 218 нафар арзёбӣ шуда, 90 кас аз ин беморӣ фавтиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.