Доналд Трамп раисҷумҳури пешини ИМА  дар чаҳор соли раҳбарияш 30573 бор дурӯғ гуфтааст ё изҳороте додааст, кт мардумро ба гумроҳӣ бурдааст. Ниме аз ин дурӯғҳоро Трамп дар як соли ахири раҳбарияш гуфтааст. Ин дурӯғҳои Трампро нашрияи The Washington Post ҳисоб кардааст.

Ба навиштаи рӯзнома, Трамп тақрибан дар бораи ҳама чиз изҳороти дурӯғе кардааст. Ва бештари ин дурӯғҳоро ӯ дар саҳфаи Твиттераш гуфтааст. 

Ниме аз дурӯғҳои Трамп ба давраи дувуми корзори пешазинтихоботияш рост меомадаанд. Яке аз бахшҳое, ки Трамп дар бораи он дурӯғи бисёр гуфтааст, бахши муҳоҷират ё ғайриқонунӣ ворид шудани муҳоҷирон будааст.

"Трамп талош кардааст, ки бо изҳороти болохонадораш дар мавриди омадани "корвони муҳоҷирон"-и беҳуҷҷат ба марзҳо Палатаи намояндагонро дар дасти Ҳизби ҷумҳурихоҳон нигаҳ дорад, ки бидуни натиҷа анҷомидааст".

Яке аз мавзӯъҳои дигаре, ки дар мавриди он Трамп дурӯғи бисёр гуфтааст, изҳори назарҳояш дар мавриди даъваташ аз раисҷумҳури Укроин барои эълони тафтишот дар бораи парвандаи муовини пешини президент ва раисҷумҳури кунунии ИМА Ҷо Байден аст. Ба ҳисоби манбаъ, Трамп дар ин бора беш аз 1000 бор дурӯғ гуфтааст.

Ҳамчунин ба навиштаи нашрия, Трамп дар мавриди коронавирус дурӯғҳояшро ба сатҳи рекорд расонида, 2500 бор изҳороти дурӯғ додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.