Шумори аҳолии Русия соли гузашта зиёда аз ним миллион нафар кам шуд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тайи 15 сол аст. Маргу мир, тибқи маълумоти Идораи омори Русия, давоми моҳҳои январ-ноябр ба ҳадди ниҳоӣ тайи 10 соли охир расидааст, хабар медиҳад РБК.
Гуфта мешавад, соли 2020 шумори аҳолии Русия 510 ҳазор нафар кам шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2021 - 146 млн 238 нафарро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, бори охир чунин камшавии шумори аҳолӣ 15 сол қабл ба қайд гирифта шуда, он замон ин рақам аз 143,8 млн дар соли 2005 то ба 143,2 млн ба аввали соли 2006 поин рафтааст.
Дар давраи солҳои 2007-2009 шумори аҳолӣ то 142,7 млн нафар кам шуда, шурӯъ аз соли 2010 афзоиши аҳолӣ ба қайд гирифта мешуд.
Ба ин тариқ, соли 2012 шумори аҳолии Русия ба 143 млн, соли 2014 - 143,7 млн, соли 2015 - зиёда аз 146 млн нафар расида буд. Аз соли 2017 шумори аҳолӣ аз 146,8 млн нафар поин нарафта, аввалин камшавии босуръат соли 2021 ба қайд гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста