Ҳукми Алексей Навалнийро аз шартӣ ба воқеӣ табдил доданд ва акнун ӯ дар зиндон боқӣ мемонад. Ин мунтақиди сарсахти Владимир Путинро бо гуноҳи риоя накардани қоидаҳои ҳабси шартӣ додгоҳе дар Маскав ба зиндон маҳкум кард. Навалний пеш аз ин рӯйи парвандаи соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ 3,5 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Хадамоти зиндонҳои Русия иддао кард, ки моҳҳои охир ҷойи будубоши Навалнийро намедонист ва ба ин тартиб, ӯ қоидаи адои зиндони шартиро риоя накард.

Додгоҳ рӯзи 2-юми феврал гуфт, ҳабси шартии соли 2014-ро ба ҳабси воқеӣ табдил дод ва Алексей Навалнйиро ба 3,5 сол зиндон маҳкум кард. Аммо додрас гуфт, бо сабаби он ки сиёсатмадори мухолиф дар соли 2014 чандин моҳро дар ҳабси хонагӣ гузаронд, 2,5 сол дар зиндони низомаш умумӣ мемонад.

Ҳамчунин, замони ҳабси ӯро аз 17-уми январи имсол ҳисоб мекунанд, рӯзе, ки ӯ баъди муолиҷа аз заҳролудшавӣ аз Берлин ба Маскав баргашт ва дар фурудгоҳи Шереметево дастгир шуд.

Муттаҳидони Алексей Навалний бо норозигӣ аз ҳукми додгоҳ билофосила ҳаводоронашонро ба таҷаммуъ дар маркази Маскав даъват карданд. Вакили мудофеи сиёсатмадори мухолиф ба хабарнигорон гуфт, ба зидди ҳукм эътироз хоҳанд кард.

Алексей Навалний дар мурофиаи додгоҳии рӯзи сешанбе Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ба “тарсуӣ” муттаҳам кард ва гуфт, ӯ ҳамчун “Путини заҳролудкунанда” дар таърих сабт хоҳад шуд.

Ҳукми зиндони Алексей Навалний бар асоси дархости масъулони Хадамоти зиндонҳои Русия сурат гирифт, ки гуфтанд, дар бораи ҷойи будубоши Навалний хабар надоштанд.

Ӯ дар додгоҳ гуфт: "Ман беҳуш шуда будам. Ба Шумо санадҳоро дар бораи беморӣ ва маҳалли будубоши ман фиристоданд. Баъдан ман ба ҳавопаймо нишастаму омадам. Боз чӣ кори дигар мекардам? Шумо мегӯед, ба хонаи ман рафтед ва дар онҷо набудам. Албатта, ки дар онҷо набудам. Ман боз чӣ кор карда метавонистам?"

Дар ҷавоб намояндаи Хадамоти зиндонҳои Русия гуфт, Навалнийро зарур буд, ба телефонҳои ин ниҳод занг зада, дар бораи худ ва маҳалли ҷойгиршавиаш маълумот медод.

Алексей Навалний моҳи августи соли 2020, баъд аз он ки дар ҳавопаймое дар Русия заҳролуд шуд, барои муолиҷа ба шифохонаи Берлин интиқол ёфт.

Санҷишҳо дар Олмону Фаронса ва Шветсия тасдиқ карданд, ки ӯ бо заҳри низомии навъи "Новичок" заҳролуд карда шудааст. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ҳамла айбдор кард, аммо Кремлин иттиҳомро рад намуд.

Мурофиа ва ҳабси Навалний дар пасманзари намоишҳои эътирозии тарафдорони ӯ баргузор шуд, ки бо ҳукумати президент Владимир Путин розӣ нестанд. Ин эътирозҳо ду ҳафтаи охир дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия баргузор шуда, мақомот то ин дам ҳазорҳо нафарро дастгир кардаанд. Пеш аз мурофиаи рӯзи сешанбе низ беш аз 300 ҷонибдори Навалний боздошт шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.