Дар минтақаи шимолу шарқи Ҷопон 11 марти соли 2011 сахттарин заминларза рух дод, ки ба сунами боис гардида, майдони зиёда аз 550 километри мураббаъро фаро гирифт.

Бар асари ин ҳодиса қариб 16 ҳазор нафар ҳалок шуда, зиёда аз 2,5 ҳазор кас бедарак шуданд. Ин офати табиӣ ба садама дар неругоҳи атомии “Фукусима-1” боис гардида, ба ифлосшавии беҳад зиёди ҳаво аз маводи радиоактивӣ оварда расонид.

Беш аз 100 ҳазор нафар ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд. Чанде аз шаҳру деҳоти минтақаи шимолу шарқи Ҷопон, ки аз заминларзаву сунами ва садама дар неругоҳ осеб диданд, то ҳол қисман ё пурра холиву беодаманд. Вазъи ҳозираи он пас аз 10 сол - дар суратгузориши Медуза.

1/16

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.