Росавиатсия ба ширкати ҳавопаймоии “ЮТэйр” ҷиҳати иҷрои ду парвоз ба самти Тоҷикистон иҷоза надод. Ин ҷо сари хатсайрҳои Сургут-Душанбе ва Нижневартовск-Хуҷанд сухан меравад. Сабаби рад шудани иҷоза ба парвозҳо зикр нашудааст.

Ширкат ният дошт, ки ҳафтае ду маротиба ба ин шаҳрҳо парвоз анҷом диҳад, хабар медиҳад Znak.com.

Дар ҳамин ҳол, Росавиатсия ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои мустақим ба шаш шаҳри Ӯзбекистон иҷоза дод.

Ба ин тариқ, ширкати ҳавопаймоии “Азур эйр” ҷиҳати анҷоми парвозҳо ба Бухоро, Самарқанд, Нуқус, Тирмиз ва Урганҷ ҳафтае панҷ маротиба иҷозатнома дастрас кард.

Ғайр аз ин, ширкати ҳавопаймоии “Алроса” ба роҳандозии парвозҳо бо хастсайрҳои Сургут - Фарғона (Ӯзбекистон) ва Сургут - Тараз (Қазоқистон) ҳафтае як маротиба иҷозатнома гирифт.

Ёдрас мекунем, ки додани иҷозатнома асос ё қарор дар бораи барқарор шудани парвозҳо тариқи хатсайрҳои байнулмилалӣ буда наметавонад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ пас аз кушода шудани кишварҳои хориҷӣ танҳо ба ташкили парвозҳо ҳуқуқ пайдо менамоянд.

Тавре маълум аст, бар асари пандемияи коронавирус аз моҳи марти соли гузашта алоқаи ҳавоии байнулмилалӣ барои мусофиркашонӣ дар Русия боздошта шуд. Дар фурудгоҳи Сургут, ки барои ширкати ҳавопаймоии “ЮТэйр” заминавӣ аст, дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми мусофиркашонӣ дар соли гузашта 74% кам шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.