Роспотребнадзор шаҳрвандонеро, ки аз хориҷи кишвар ба Русия меоянд, уҳдадор намуд, ки 2 бор аз коронавирус тест супоранд. Қарори дахлдор дар ин хусус дар интернет-портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

То 1 май қоидаи 2 маротиба супоридани тест танҳо ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки аз Туркия ва Танзания бармегарданд. Пас аз 1 май - барои воридшавандагон аз ҳамаи кишварҳо ҷорӣ мешавад.

ПСР-тестҳо аз коронавирусро дар муддати 5 рӯзи пас аз вуруд ба Русия супоридан мумкин аст. Танаффус байни тестҳо набояд камтар аз 1 шабонарӯз бошад. Натиҷаҳои ҳар ду тестро ба сомонаи “Госуслуги” пайванд кардан (загрузить) зарур мебошад.

Ҳамчунин Роспотребнадзор талаб намуд, ки дар фурудгоҳҳои Русия аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки аз хориҷи кишвар меоянд, аз COVID-19 интихобӣ тест гирифта шавад.

Айни замон касоне, ки бо ҳама гуна воситаи нақлиёт аз хориҷа ба Русия меоянд, бояд аз коронавирус 1 тест супорида, натиҷаҳои онро ба сомонаи “Госуслуги” пайванд кунанд. Инро дар муддати 3 рӯзи пас аз омадан анҷом мебояд дод.

Ҳафтаи гузашта Русия алоқаи ҳавоиро бо Туркия ва Танзания ба муддати якуним моҳ - то 1 июн қатъ кард. Ҳукуматдорон инро мушкил шудани вазъи марбут ба коронавирус дар ин кишварҳо маънидод карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.