Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден ба тавофуқ расиданд, ки 16 июн дар Женева мулоқот мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кремлин хабар медиҳад.
"Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда президенти Русия Владимир Путин 16 июн дар Женева бо раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден гуфтушунид мекунанд",-омадааст дар хабарномаи Кремлин.
Пештар Байден ба раҳбари Русия пешниҳод карда буд, ки дар як кишвари севум гуфтушунид кунанд.
Имрӯз Кохи Сафеду Кремлин омодагиҳоро барои дидори руасои ИМА-ву Русия оғоз карда буданд. Гуфта мешуд, ки ҷаласаи президентҳои ИМА ва Русия - Ҷо Байден ва Владимир Путин бояд моҳи оянда баргузор шавад.
Рӯзи 24-уми май дар изҳороти муштараки мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан ва ҳамкори русаш Николай Патрушев машваратҳои Женева чун «иқдоми муҳим» дар амри омодагӣ ба ҷаласаи ду раҳбар тавсиф шудааст. Дар як изҳороти муштараки ин ду мақом омадааст, ки «бо вуҷуди дидгоҳҳои фавқулодда мутафовит, муколама дар фазои созанда барпо гардид ва барои дарки беҳтари мавқеи ҳар як ҷониб имкон фароҳам овард».
Субҳи имрӯз гуфта мешуд, ки макон ва таърихи баргузории ҷаласаи Байден ва Путин дертар эълон мешавад, вале интизор меравад, ки он моҳи июн дар ҷараёни нахустин сафари Байден дар мақоми президенти Амрико ба Аврупо имконпазир мешавад. Қарор аст моҳи июн дар Бритониё ҷаласаи кишварҳои Гурӯҳи Ҳатфгона ва ҳам дар Брюссел мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди Аврупову НАТО баргузор шавад.
Мушовирони калони амниятии ИМА ва Русия доираи васеи масоили марбут ба манфиати дуҷонибаро аз дидгоҳи суботи стратегӣ баррасӣ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Ҳамла ба анборҳои нафту таъсисоти обширинкунӣ. Эрон ҳадаф гирифтани зерсохтҳои ҳаётиро ташвишовар хонд
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста