Муҳаммади Муҳаққиқ, мушовири аршади раисҷумҳури Афғонистон дар умури амниятиву сиёсӣ ва раҳбари ҳизби Ваҳдати исломии мардуми Афғонистон, ки яке аз пешвоҳои қавми ҳазора дар ин кишвар мебошад, аз Шӯрои амнияти Созмони миллали Муттаҳид хостааст, ки куштори ҳазораҳоро дар Афғонистон ба расмият бишносанд ва омилони онро таҳрим кунад.
Муҳаққиқ дирӯз, 10-уми июн дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки ҳазораҳо дар масоҷид, омӯзишгоҳҳо, зоишгоҳҳо ва клубҳои варзишӣ ба гунаи бераҳмона «қатли омм» мешаванд. Ў афзуд, ки қатли омми мардуми безарар ва бедфоъ ҳеҷ тавҷеҳе надорад ва аз мисдоқҳои боризи ҷиноят алайҳи башарият ва наслкшӣ аст.
Ӯ ҳамчунон ба куштори ахири коргарони муассисаи поккории минаҳо дар вилояти Бағлони ин кишвар ишора кардааст, ки ба гуфтаи вай, як қавм хосро ҳадаф қарор доданд, ки “ин нишони дигаре аз ин ҷиноёти зиддибашарӣ аст, ки бояд Шӯрои амнияти СММ тадбирҳои пешгиронаеро барои ин кор рӯйи даст бигирад".
Муҳаққиқ аз Шӯрои амнияти СММ хостааст, ки бо ба расмият шинохтани куштори мардуми ҳазора ба унвони наслкушӣ омилони онро мавриди таҳрим қарор бидиҳад.
Аз сӯйи дигар, ин пешвои ҳазораҳо аз ҳукумат ҳам хостааст, ки дар муқобили ин гуна ҳодисаҳо иқдомҳои амалӣ ва таъсиргузорреро рӯйи даст бигирад ва фақат ҳамдардӣ накунаду халос.
Ӯ ҳамчунин аз ҳукумат тақозо кардааст, ки натиҷаи баррасиҳояшро аз ҳамалаи мусаллаҳона бар оромгоҳи Абдулалии Мазорӣ пешвои дигари ҳазораҳо, ҳамагонӣ кунад. Абдулалии Мазорӣ, асосгузори Ҳизби ваҳдати исломӣ дар Афғонистон буд, ки аз сӯйи “Толибон” кушта шуд. Чанд сол пеш дар маросими солгарди шаҳодати ин пешвои ҳазораҳои Афғонистон, тирпаронӣ сурат гирифт, ки 40 тан куштаву 60 кас захмӣ шуд.
Ин хости Муҳаққиқ аз Шӯрои амнияти СММ дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд рӯз пеш дар Афғонистон корзореро бо номи «stophazaragenocide#» ё наслкши ҳазораҳоро мутаваққиф кунед, роҳ андохтаанд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки наслкшии ҳазораҳоро ба расмият бишносанд.
Ҳазораҳо дар ғарби Кобул дар чанд соли ахир мавриди ҳамлаҳои ҳадафманд қарор мегиранд. Дар ду ҳамлаи ахир дар Дашти Барчӣ, дар ғарби Кобул, ки яке ҳам ҳамла ба як мактаби духтарона буд, наздик ба 200 нафар куштаву захмӣ шуд.
Ҳазораҳо як қавми форсизабон дар Афғонистон ва бархе кишварҳои минтақа мебошанд, ки аз нигоҳи динӣ мардуми мусалмони аҳли шиа мебошанд. Ҳазораҳо пас аз тоҷикҳову паштунҳо аз нигоҳи нуфус севумин қавми Афғонистон дониста мешаванд. Ин қавм ба ҷуз Афғонистон дар Кветаи Покистон ва Эрон ҳам ҷамъиятҳои бузурге доранд. Бархе муҳаққиқон ҳазораҳоро вомондаи даврони муғул ва аз табори муғулҳо дар Афғонистон ва кишварҳои дигари ҷануб ва ҷанубу шарқи Осиё медонанд. Аммо худи ҳазораҳо худро яке аз қавмҳои бумӣ дар Афғонистон ва минтақа меноманд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” то “Тоҷикаэронавигатсия”. Кумитаи андоз андозсупорони беҳтаринро эълон кард
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард
“Озод ва сабук кунед”. Ду талаби вакилони муттаҳамон ба парвандаи “табаддулоти давлатӣ”
Ҳамла ба “Крокус”. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, 27 нафар гумонбаранд
Аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар мақоми 121-ум қарор дорад
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста