Шабакаи Тулуънеюси Афғонистон аз як ҳамлаи ба хонаи Устод Ато Муҳаммади Нур, воли пешини вилояти Балх ва яке аз раҳбарони тоҷикон дар Афғонистон хабар медиҳад. Бино ба иттилои ин шабака, ба хонаи Устод Ато дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ҳовон (тири гранатомет) фуруд омадааст, ки дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шудаанд.
Ин ҳодиса баъд аз чошти имрӯз рух додааст, ки бар асари ин ҳамла мошини Муҳамадалӣ Муҳаққиқ писари Муҳаммад Муҳаққиқ яке аз пешвоҳои қавми ҳазора дар Афғонистон, осеб дидааст.
Бархе расонаҳои дигар ин ҳодисаро инфиҷор дар ҳавлии Устод Ато номидаанд.
Аммо шабакаи Тулуънеюс гуфтааст, ки ин тири партобшуда ба мошини зиреҳи Муҳаққиқ бархӯрдааст.

Сайид Муҳаммад Зоҳир Масрур, вакили мардуми Балх дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба ин шабака гуфтааст, ки ин тир замоне ба хонаи Устод Ато фуруд омад, ки бо раҳбарии ӯ дар хонааш маҷлисе дар ҷараён буд.
Дар ин маҷлис Устод Ато бо бархе аз сиёсатмадорони дигар дар бораи вазъи амниятии вилояти Балх баҳсу барномарезӣ доштаанд.
То ҳол маълум нест, ки ин кори кадом гуруҳе будааст. Гуруҳи "Толибон" ҳам то кунун дар бораи ин рӯйдод чизе нагуфтаанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки Ато Муҳаммади Нур, баъди суқути ноҳияҳо ба дасти "Толибон, " дар Балх хезишҳои мардумӣ ва басиҷи миллиро шакл дода ва алайҳи Толибон мубориза мекунад. Чанд рӯз пеш ӯ аз поксозии вулусволии стратегии Калдори ин вилоят хабар дода буд, ки бо Тоҷикистон ҳам ҳаммарз аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста