Тамоми мусобиқаҳо дар доираи Бозиҳои олимпӣ дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио бе ҳузури тамошобинон мегузаранд. Ҳукуматдорони Ҷопон чунин қарор қабул намуда, он бо Кумитаи байнулмиллии олимпӣ мувофиқа шудааст, менависад Медуза.

Ҳукумати Ҷопон ҳанӯз чанд моҳ пеш изҳор дошта буд, ки сайёҳони хориҷиро ба Бозиҳо роҳ намедиҳад, аммо дар назар буд, ки аҳолии маҳаллӣ - то 10 ҳазор нафар дар ҳар кадоме аз иншооти варзишӣ мусобиқаҳоро тамошо мекунанд.

Манъи пурраи ҳузури тамошобинонро ҳукуматдорон нигаронӣ аз паҳншавии штамми “делта”-и коронавирус маънидод карданд. Аз 12 июл то 22 август дар Токио реҷаи ҳолати фавқулода амал хоҳад кард.

Дар мусобиқаҳое, ки дар минтақаҳои ҳамсоя бо Токио баргузор мешаванд, манъи ҳузури тамошобинон амал намекунад. Қарори ниҳоиро дар ин бора ҳукуматҳои маҳаллӣ қабул мекунанд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ аз 23 июл то 8 август баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.