Гуфтушуниди дурӯзаи ҳайати ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Мулло Ғанӣ Бародар раиси ҳайати гуфтугӯкунандаи гуруҳи "Толибон" дар Қатар бидуни натиҷае ба поён расид.
Пеш аз оғози ин музокирот умедвориҳо шуда буд, ки дар назар аст ҷонибҳо ба як тавофуқи қатъи оташбас барои семоҳ даст ёбанд. Аммо тавре сухангӯйи "Толибон" дар Твиттараш навиштааст, чунин тавофуқе ба даст наомад.
Ҳайатҳо пас аз тамоми шудани музокироти дурӯза, соати 10:30 шаби якшанбе ба вақти Қатар дар як нишасти хабарӣ баъзе паҳлуҳои ин гуфтушунидашонро эълон карданд. Ин нишасти рӯзи ҷумъа дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар ин нишасти хабарӣ аввал сухан мекард, гуфт, ки музокирот дар ҳафтаҳои баъдӣ идома мекунад. Ҳарчанд ду тараф дар ин нишасти хабарӣ дар бораи тавофуқҳояшон қузъиёти бештаре надоданд, аммо Муҳаммад Наим, сухангӯйи "Толибон" дар Тиветтараш як эъломияи иборат аз 6 моддаро нашр карда ва гуфтааст, ки ду тараф барои идомаи музикрот тавофуқ карданд.
Дар моддаи чаҳоруми ин эъломия омадааст, ки "тамоми тарафҳо итминон медиҳанд, ки дар сартосари Афғонистон аз зербиноҳои мулкӣ муҳофизат сурат мегирад. Аз талафоти мулкӣ ҷилавгирӣ менамоянд ва дар мавриди кӯмакҳоми башарӣ ҳамкорӣ менамоянд. Бо таваҷҷуҳ ба густариши чашмгири вируси ҳамагири COVID 19 дар сартосари Афғонистон, тамоми иқдомоти муносибро барои кормандони воксинзанӣ анҷом хоҳанд дод ва аз ҳамлу нақли оксиген ва соири маводи зарурӣ ба шакли шафоф, барои табобати нафарони гирифтори беморӣ монеае пеш намеоранд".
Ҳамчунин таърихи дақиқи музокироти ҳайатҳои музокиракунанда маълум нест, ки онҳо кай ба идомаи музикрот бармегарданд, танҳо гуфта шудааст, ки дар ҳафтаҳои баъдӣ музокиротро оғоз мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста