Баъди фирори Ғанӣ ва тасарруфи Кобул аз сӯйи гурӯҳи "Толибон", Афғонистон ва мардуми он дар ҳоли бесарнавиштӣ қарор доранд. Ояндаи ин кишвар, ояндаи сохтори сиёсии ин кишвар, арзишҳое, ки мардум дар 20 солаи ахир дар ин кишвар ниҳодина карданд ва сармоягузорие, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 2001 то 2021 дошт, маълум нест, ки бо чӣ меанҷомад.

Таҳлилгарон ва коршиносон ҳама аз раванди бисёр тезу фарогири ҳаводис дар Афғонистон нигаронанд  ва изҳор мекунанд, ки дар чунин шароити сардаргумӣ, таҳлили дурусте аз авзоъ пешниҳод кардан, хеле мушкил аст.

"Азия-Плюс" тасмим гирифт, ки силсилаи нуқтаназарҳои коршиносиро дар мавриди вазъи Афғонистон ва сарнавишти ояндаи он пешниҳод мекунад. Ин силсила аз нуқтаназари Муҷоҳид Андаробӣ, таҳлилгар ва хабарнигори варзидаи Афғонистон оғоз мешаванд.

- Вазъияте, ки дар Афғонистон пеш омадаааст, як вазъияти ғайри қобили пешнибнӣ буд. Ҳатто худи Толибон ҳам эълон карданд, ки интизори инро надоштанд, ки бо фаврият кулли минтақаҳоро тасарруф кунанд ва ба курсии раёсати ҷумҳур роҳ пайдо мекунанд. Аз ҳамин сабаб, ҳанӯз чӣ навъ ҳукумате, ки бояд дар Афғонистон  шакл бигирад, рӯи ин масоил чоназаниҳо байни роҳбароне мисли Ҳомид Карзай, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳикматёр ва аъзои Толибон  идома дорад.

Аммо бархе аъзои Толибон инро рад карданд, ки гӯё дигар тавофуқе барои ҳукумати интиқоливу ин чизҳоро надоранд.

Эҳтимолан як  ҳукумате шакл бигирад, ки дар раъси он Толибон ҳузур дошта бошанду  бо соири гурӯҳҳои зидахл дар Афғонистон, мисли ҷараёнҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ як тавофуқро анҷом диҳанд ва як ҳукумати тавофуқи дар меҳварияти  Толибон ба вуҷуд биёяд. Мутаминан, ки дигар интихоботе баргузор нахоҳад шуд ва мо лоиҳаҳои демкоратиеро, ки дар ҷараёни 20 соли гузашта таҷриба кардем ва ҳадди аққал то ин дам ҳеҷ умеде барои ин барномаҳо дигар вуҷуд надорад.

Як ҳукумати бо муҳтавои исломӣ шакл хоҳад гирифт, ки номаш ҳанӯз маълум нест, шояд аморати исломӣ ё ҳар чизи дигаре бошад. Аммо аксарияти дидгоҳ ва пешбиниҳо ҳамин аст, ки  як ҳукумати мутлақан исломӣ дар Афғонистон шакл хоҳад гирифт. Албатта рӯзҳои баъдӣ ин масъала боз рӯшану рӯшантар мешавад.

Озодии баён чӣ мешавад?

Дар қисмати озодии баён ва расонаҳо ҳанӯз ҳеҷ умеде вуҷуд надорад. Ин бастагӣ ба он дорад, ки оё Қонуни асосии феълӣ пазируфта мешавад ё не. Агар қонунии асосии феълӣ рад шавад ва Толибон қонуни асосии тозае аз худашонро эълон кунанд, табиатан ҳама чиз мунтафӣ (нестшуда) аст.

То ин лаҳза, бархурди Толибон, бо мардум ва расонаҳои Афғонистон як бархурди комилан одӣ буда, расонаҳо нашароташонро дубора бо шакли собиқ, вале андаке тағйире дар муҳтаво сар карданд. Толибон ҳам бо паёмҳои мухталиф эълон карданд, ки кормандони расонаҳо метавонад, ба корашон идома диҳанд. Мамонияте вуҷуд надорад, ҳамин тавр кормандони давлатӣ ҳам идома медиҳанд, то даме, ки тасмимҳои баъдиашон гирифта шавад, ки чӣ мешавад.

Сарнавишти Афғонистон чӣ мешавад?

Мавзӯи ин ки, сарнавишти Афғонистон дар солҳои оянда чӣ хоҳад шуд, як саволи мушкилтар аст, ки бояд таҳавулоти чанд рӯзи ояндаро мушоҳида кунем.

Аммо дар тасвири калон, то ҷойе ки мо мешунавем ва маълум аст, то 4-5 соли оянда он чизе ки Толибон эълон мекунанд, ҳарчӣ буд: мушокиратӣ ё иморот, идома пайдо хоҳад кард. Имкони муқовиматҳои мусаллаҳона ва мардумӣ хеле кам аст. Дар баъзе ҷойҳо ҳам, ки мухолифат сурат бигирад ё ҳадди ақал ҷабаҳаҳое ҳам шакл бигирад, мумкин аст аз тариқи тасомим, мусолиҳа ва гуфтугӯ бартараф шавад ва онҳо қаноат дода шаванд, ки муқовимате надошта бошанд.

Аз нуқтаназари шароити иҷтимоӣ ҳам,  дар ин муддат то ҳамон андозае, ки баҳси озодии баён ва баҳсҳои демократӣ матраҳ буд, дар канори ин ҷараёнҳои фикрии амиқи дигар, мисли Ҳизби таҳрир. Ҷамъияти ислом ва Толибон ҳам кор мекарданд.

Дар кул, мардуми Афғонистон ҳам нисбатан суннатӣ аст, як бистари фикрӣ барои эҷоди як ҳукумати мазҳабӣ, яъне аз солҳо қабл ҳамзамон бо оғози демократӣ ин ҳам рушд кардааст. Хусусан, имрӯз дар миёни донишгоҳиҳо дидгоҳҳои зиёде вуҷуд дорад, ки албатта як бахши ин ношӣ мешавад аз аксуламал ё рафторҳое, ки амрикоиҳо доштанд, бахши дигаре ҳам бармегардад ба сӯи мудирияти ҳукумат, фасод, қонуншиканӣ.

Тамоми аз ин сабаб шуд, ки ин ҷараёнҳо чӣ як бахш аз инҳо аксуламалӣ бошад ва чи як бахши дигар ҳадафмандона, барои гуруҳҳои мазҳабӣ ва фикрӣ-мазҳабӣ кор бикунанд, ки ин бистар дар ҷомеаи Афғонистон ҳанӯз фароҳам аст. Зеро агар як ҳукумате бо меъёрҳои исломии толибӣ ҳам шакл бигирад, ба таври фаврӣ дар ҷомеа мавриди пазириш қарор мегирад. Дар ин қисмат фикр накунам, ки мушкили калоне воқеъ шавад.

Тасвире пас аз ҳузури Толибон дар Кобул.
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Аммо дар бахши байналмилалӣ, тамоми кишварҳои зидиахл дар Афғонистон, бо сароҳат эълорн карданд, ҳар ҳукумате, ки тариқи зур дар Афғонистон ба миён ояд, қонуни ҳуқуи занонро поймол бикунад, ба каромати инсонӣ эҳтиром надошта бошад, ба таҳсилу кори занон мушкил дошта бошад, ба ҳеҷ унвон ба расмият намешиносанд. Ҳоло дида шавад, ки моҳияте ҳукумате, ки шакл мегирад, чӣ навъ хоҳад буд, то баъд аз ӯ одам битавонад дар мавриди ояндаи ҳукумат дар Афғонистон ва ояндаи Афғонистон назари рӯшантар бидиҳад.

Албатта, бисёриҳо дар шаҳрҳои бузург омодаи пазириши  худи Толибон нестанд ва бо ин шеваву шаклу шамоиле, ки онҳо доранд, мардум ҳасосияте аз худ нишон медиҳанд ва дар ҳоли фарор аз  Афғонистонро ҳастанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷомеа як тарсу ҳарос шакл гирифтааст ва маънои ин он аст, ки Толибон агар аз худашон  созгорие нишон надиҳанд, маҷбур ба зулм мешаванд то мардумро тобеъи пазириши ҳукумати худ созанд. Дар рустоҳо мутамаинан, ки мухолифат ва мушкиле дар татбиқи қонун ва кори онҳо вуҷуд нахоҳад дошт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.