Давоми рӯз назди фурудгоҳи Кобул якчанд таркиш рух дод

Тавре хабаргузории “Лента.ру” бо такя ба маълумоти як қатор расона ва манбаъҳо иттилоъ медиҳҳад, рӯзи 26 август каме дуртар аз фурудгоҳи шаҳри Кобул пайиҳам якчанд таркиш рух дод. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Афғонистон, ба ҳолати то соати 01:00 ба вақти Маскав шумори ҳалокшудагон ба зиёда аз 90 нафар ва осебдидагон - ба 210 нафар расидааст. Миёни қурбониён сокинони осоишта ва низомиёни артиши ИМА ҳастанд.

Масъулияти таркишҳоро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Русия ба бисёре аз кишварҳо манъшуда) ба дӯш гирифт. Эҳтимол меравад, ки дар бораи созмони “Вилояти Хуросон” - бахши гурӯҳ дар Осиёи Марказӣ сухан меравад. Дапр ҳамин ҳол, ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ дар Русия ба бисёре аз кишварҳо манъшуда), ки ҳокимият дар Афғонистонро тасарруф намуд, ин амалҳоро маҳкум кард.

Сурат: Wali Sabawoon / AP

Бар асари бесарусомонӣ имдодгарон муддати тӯлонӣ ба ҷойи ҳодиса рафта наметавонистанд

Дар пойтахти Афғонистон рӯзона ду таркиш ба вуқӯъ пайваст. Эҳтимол меравад, ки таркиши аввал дар наздикии меҳмонхонаи Baron аз ҷониби як террористи маргталаб анҷом дода шудааст. Бино ба маълумоти Sky News, таркиши дуюм шояд тавассути автомашинаи минагузошта сурат гирифтааст.

Яке аз таркишҳо дар навори видео сабт шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, бар асари бесарусомонӣ ва издиҳмои зиёди мардум мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ муддати зиёде ба ҷойи ҳодиса рафта наметавонистанд. Дар шабака ҳамчунин наворҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо ҷӯйборҳои пур аз ҷасади одамон дида мешавад.

Шомгоҳон боз як таркиши нав рух дод. Тибқи маълумоти ВАО-и маҳаллӣ, автомашинаи мутааллиқ ба “Толибон” дар мавзеи Пули Сӯхтоб таркидааст. Баъдан боз дар бораи се таркиши дигар маълумот расид.

Шумори қурбониёну осебдидагон мудом дар ҳоли афзоиш аст

Маълумот дар бораи осебдидагон мудом тағйир меёбад: нахуст дар бораи 15 нафар захмишудагон ва сипас дар муддати якуним соати баъди он бобати зиёда аз сад нафари онҳо хабар дода шуд. Тибқи маълумоти ахири The Wall Street Journal, дар натиҷаи амалҳои терроистӣ зиёда аз 60 нафар ҳалок шудаанд.

Сурат: АР

Сухангӯи Вазорати дифои ИМА Ҷон Кирби хабар додааст, ки бар асари ин амалҳои террористӣ 4 нафар низомиёни воҳиди хушкигарди баҳрии артиши ИМА ҷони худро аз даст додаанд. Баъдан АР дар бораи 12 нафар қурбониён байни низомиёни ИМА маълумот дод. Дар бораи қурбониён миёни ҷангиёни “Толибон”, ки даромадгоҳи фурудгоҳро посбонӣ мекарданд, низ хабар дода мешавад.

Намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова изҳор доштааст, ки замони рух додани таркишҳо шаҳрвандони ин кишвар дар фурудгоҳи Кобул ҳузур надоштаанд.

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки фурудгоҳро тарк кунанд

Бо назардошти вазъи мавҷуда дар пойтахти Афғонистон, аксарият аз содир гардидани амалҳои нави террористӣ дар шаҳр изҳори нигаронӣ мекунанд. Сафири Фаронса дар Афғонистон Давид Мартинон аз эҳтимоли таркишҳои нав огоҳ намуда, шаҳрвандонро даъват намудааст, ки ҳарчи зудтар фурудгоҳро тарк кунанд. Баъдан президенти Фаронса Эмаануэл Макрон тасмим гирифт, ки кормандони намояндагии дипломатии кишварро таъҷилан ба шаҳри Париж интиқол медиҳад.

Хабарнигори Fox News Жаки Генрих (Jacqui Heinrich) бо истинод ба як манбаъ дар Twitter изҳор доштааст, ки садҳо террористони “Давлати исломӣ” дар гирду атрофи фурудгоҳ қарор дошта, содир шудани амалҳои нави террористӣ дар ояндаи наздик аз эҳтимол дур нест.

ИМА ва Британия аз омодагӣ ба амалҳои террористӣ огоҳ карда буданд

Чанд соат пеш аз таркишҳо дар пойтахти Афғонистон вазири Қувваҳои мусаллаҳи Британияи Кабир Ҷеймс Хиппи дар бораи омодагӣ ба ҳамлаҳо огоҳ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, дар Афғонистон сатҳи баланди хатари амалҳои террористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни тундгаро боқӣ мемонад. Ин маълумотро нахуствазири Белгия Александ де Кроо низ тасдиқ намуд.

Дар Пентагон низ як рӯз пеш аз эҳтимоли содир гардиани амалҳои террористӣ хабар дода буданд. Манбаъҳои амрикоӣ изҳор доштанд, ки ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ-Хуросон” таҳдид намудаанд, ки ба фурудгоҳи пойтахти Афғонистон ҳамла мекунанд.

Сурат: news.myseldon.com

Профессори муҳаққиқи масоили сулҳ ва низои Донишгоҳи Уппсал Ашок Суэйн дар мусоҳиба ба “Лента.ру” дар бораи амалҳои террористии оянда дар Кобул изҳори назар кард. Суэйн шарҳ додааст, ҷангиёни ”Толибон” бисёре аз террористонро аз зиндонҳо озод карда, аз ин рӯ, сафи онҳо зиёд ва пурқувват мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки айни замон аз худи толибон таҳдиди террористӣ ба назар намерасад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.