Ҳукумати нави Афғонистонро пешвои ҳаракати тундгарои “Толибон” Ҳайбатулло Охундзода ба роҳбарӣ мегирад. Дар ин бора шоми рӯзи 1 сентябр шабакаи телевизиони TOLOnews бо истинод ба намояндаи толибон хабар дод, менависад пойгоҳи Фарғона.
Анамуллоҳ Самангонӣ (Anamullah Samangani), узви Комиссияи фарҳанги Толибон гуфт, ки баҳсҳо дар бораи таъсиси ҳукумати нав дар арафаи анҷомёбист ва ҳайати пурраи раҳбарияти нави Афғонистон ба зудӣ эълон хоҳад шуд.
“Машваратҳо оид ба ҳайати ҳукумати нав қариб ба анҷом расида, инчунин дар бораи Девони вазирон муҳокимаҳои зарурӣ гузаронида шудаанд. Ҳукумати исломие, ки мо эълон мекунем..., барои мардум намуна хоҳад буд. Дар ҳузури раҳбари мӯъминон Охундзода дар ҳукумат шакке нест. Вай сарвари ҳукумат хоҳад буд ва ба ин набояд ҳеҷ шакке бошад, ”- гуфтааст Самангонӣ.
Дар ҳайати нави ҳукумат нав мақоми сарвазир низ муқаррар хоҳад шуд.
“Номи низоми нав (идоракунии Афғонистон) набояд ҷумҳурӣ ё аморат бошад. Он бояд чизе монанди ҳукумати исломӣ бошад. Ҳайбатулло бояд дар сари ҳукумат бошад ва ӯ президент намешавад. Вай сарвари Афғонистон хоҳад буд. Пас аз ӯ мансабҳои сарвазир ё президент мешаванд, ки таҳти раҳбарии ӯ кор хоҳанд кард”, - гуфтааст ба TOLOnews таҳлилгари масоили сиёсӣ Муҳаммад Ҳасан Ҳақёр (Hasan Haqyar).
“Толибон” аллакай раисони вилоятҳо, сардорони раёсатҳои минтақавии пулис, инчунин як қатор дигар мақомоти ҳокимиятро таъин кардаанд.
«Аморати исломӣ дар ҳама вилоятҳо амал мекунад. Ҳар як вилоят як раис дорад, ки ба кор шурӯъ кардааст. Дар ҳар музофот роҳбар ва сардори пулис ҳаст, ки ба манфиати мардум кор мекунанд”, - иброз доштааст Абдулхонон Ҳаққонӣ, намояндаи баландпояи ҳаракати тундгаро.
Ҳарчанд Толибон мегӯянд, машваратҳо дар бораи таъсиси ҳукумати нав ба анҷом расидаанд, аммо дар бораи номи низом, парчами миллӣ ё суруди миллӣ ягон баррасиҳо ё назарпурсиҳои оммавӣ баргузор нашудааст.
Илова бар ин, дар бораи созишномаҳои Толибон, ки онро аксаран паштунҳо дастгирӣ мекунанд, бо намояндагони дигар қавмҳо дар Афғонистон чизе маълум нест. Рӯзҳои охир гузоришҳо мерасанд, ки музокироти байни толибон ва ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон дар вилояти Панҷшер, ки тоҷикон дар онҷо зиндагӣ мекунанд, ба нокомӣ анҷом ёфта, он ҷо амалиёти ҷангӣ ҷараён дорад ва ба неруҳои ҷабҳаи муқовимат муяссар шуда истодааст, ки ба ҳамлаҳои толибон истодагарӣ кунанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста