Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз гуруҳи "Толибон" ва Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд,даъват кард, ки ба ҷанг хотима диҳанд, зеро ҷанг на танҳо мавзуъро ҳал намекунад, балки захмҳои тани дардманди Афғонистонро эҳё мекунад.
Карзай дар як баёния дар саҳфаи расмияш дар Фейсбук аз он афсӯс хӯрдааст, ки сарфи назар аз талошҳои рӯзҳои ахир ҷанг дар Панҷшер сар шуд, ки боиси нигаронии амиқ аст ва пайомадҳое барои кишвар ва мардум дорад.
"Ба ин хотир, ман ҷонибҳоро даъват мекунам, ки ҷанг на танҳо роҳи ҳали мушкил нест, балки захмҳои Афғонистони дардмандро эҳё мекунад ва мушкилоти бузурги дигар меофарад",-гуфтааст Карзай.
Ман умедворам,- гуфтааст Карзай, ки ҳар ду тараф мушкилоти мавҷудро ба василаи гуфтугӯ ҳал мекунанд, то мардуми сарсону саргардони мо дар сулҳ ва оромиши комил ба сар бибаранд.
Ин баёнияи Карзай дар ҳолест, ки дирӯз Толибон эълон карданд, ки музокироти онҳо бо ҷониби Панҷшер натиҷае надод ва онҳо ин минтақаро бо ҷанг таслим мекунанд.
Амирхони Муттақӣ, раиси Комиссияи даъвати исломӣ ва иршод ин ҳаракат, дар баробари эълони ин, ҳамчунин аз мардуми Панҷшер хост, ки нагузоранд қаламрави вилояташон ба ҷанг кашида шавад.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер, баъди ин эълони Толибон гуфт, ки музокироти Толибон ин буд, ки ҷабҳаи муқовимат як ду мансаб дар ҳукумат бигирад ва бо ҳамин таслим шавад, ки мо инро напазируфтем.
"Мо ба дунболи имтиёз нестем, мо мехоҳем мушкилоти Афғонистон ба таври решаӣ ҳал шавад",- гуфт Даштӣ.
Субҳи имрӯз, телеграмканали "Тулуънеюс" хабар дод, ки "Толибон" Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай ва Устод Сайёфро таҳти фишор қарор додаанд, то Аҳмади Масъудро маҷбур ба таслим кунанд.
Дар давру бари Панҷшер 4 рӯзи ахир ҷангҳо давом дорад, ки гуфта мешавад "Толибон" талафоти сангине додаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста