Ҷумҳурии исломии Эрон аз вазъи Паншер нигаронӣ карда, гуфтааст, ки дахолати хориҷиҳоро дар ҷанги Панҷшер дар дасти баррасӣ дорад ва гуфтааст, ки "ҳеҷ касе набояд иҷоза диҳад, ки ин масир ба бародаркушӣ хатм шавад".
Сайид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки ахборе, ки аз Эрон мерасад нигаронкунанда аст ва ҳамлаҳои дишабро ба "ашади ваҳҷ" маҳкум аст.
Сухангӯйи дастгоҳи дипломатии Эрон гуфтааст, ки "шаҳодати раҳбарони Афғонистон мояи тассуфи амиқ аст", вале дақиқ ном набурдаст, ки манзураш аз шаҳодати "раҳбарони Афғонистон" чист.
"Ҳеч кас набояд иҷоза диҳад ин масир бо бародаркушӣ хатм шавад. Толибон ба тааҳҳудоти худ пойбанд бошанд Гуруснагӣ додани мардуми Панҷшер ва қатъи обу барқ мояи таассуф аст",-гуфтааст Хатибзода.
Хатибзода гуфтааст, ки "Эрон тамоми талошҳо ва ҳиммати худро ба кор мегирад ба поёни дардҳои мардуми Афғонистон кӯмак кунад. Ин хост ва иродаи мардум аст, ки бояд муҳаққақ шавад, на дахолати хориҷӣ ва на ҳеч тарҳу тавтеи дигаре".
Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Эрон ҳушдор дода, ки "тазаккури ҷиддӣ медиҳам, ки тамоми ҳуқуқи қирмиз ва тааҳҳудоти зайли ҳуқуқи байналмилал риоят шавад. Эрон аз наздик таҳаввулоти Афғонистонро пайгирӣ мекунад".
Нигарониҳои Эрон дар ҳолест, ки "Толибон" субҳи имрӯс аз тасарруфи комили Панҷшер хабар доданд. Аммо Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи Толибон дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, дар як паёми дар саҳфааш дар фейсбук, эълони "Толибон" дар мавриди ғасби Панҷшерро рад кард.
Назарӣ навишт, ки иддаои душмани мутаҷовиз дар бораи тасарруфи Панҷшер нодуруст аст.
"Неруҳои муқовимати миллӣ дар қароргоҳҳое, ки аз пеш эҷод шуда буд ҳузур доранд ва аз шаби гузашта то акнун ҷанг дар нуқоти мухталиф идома дорад. Мардуми Афғонистон мутмаин бошед, ки муқовимат то расидан ба озодӣ ва адолат ба нусрати Худованд идома меёбад",- итминон додааст Назарӣ.
Имрӯз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳаракати "Толибон" бо нашри як хабарномаи расӣ дар шабакаҳои иҷтимоъ эълон кард, ки ин гурӯҳ Панҷшерро комилан ғасӣ кард ва фармондеҳони Ҷабҳаи Панҷшер фирор кардаанд.
Рӯзи якшанбе ва шаби душанбе дар Панҷшер ҷангҳои шадиде давом карданд, ки гуфта мешавад паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-и артиши Покистон қароргоҳҳои неруҳои муқовиматро бомбарон кардаанд.
Зиё Ориёнажод, вакили порлумони Афғонистон аз бомбаборон шудани Панҷшер аз сӯйи паҳподҳои покистонӣ дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст.
Шабакаи "Афғонистон Интернейшнал" бо нақл аз ду манбаъааш дар Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер хабар додааст, ки дар ҷанги Панҷшер неруҳои вижаи Покистон аз сӯйи Толибон меҷанганд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!” Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста