Рассоми шведӣ Ларс Вилкс, ки аз замони кашидани саг бо сари паёмбари ислом Муҳаммад дар соли 2007 таҳти ҳимояи мақомоти пулис зиндагӣ мекард ва ба рӯйхати "душманони асосии ислом" шомил шуд, рӯзи якшанбеи 3 октябр бар асари садамаи нақлиёт ҳалок шуд хабар медиҳад dw.com.

Садамаи нақлиёт дар натиҷаи бархӯрди автомашинаи боркаш бо мошине, ки дар он Ларс Вилкси 75-сола ва кормандони пулиси муҳофизони ӯ қарор доштанд, рух дод.

Манбаъ: dw.com

Бино ба гузориши хабаргузории ТТ-и Шветсия, мақомоти пулис изҳор доштааст, ки Вилкс дар мошин бо ду корманди пулис будааст. Бино ба иттилои рӯзномаи Dagens Nyheter, шарики ӯ низ тасдиқ кардааст, ки рассом дар мошин буд ва дар садама ба ҳалокат расидааст.

Вилкс пеш аз тасвири карикатураи Паёмбар Муҳаммад, берун аз Шветсия қариб номаълум буд. Пас аз тасвири пайғамбар Муҳаммад бо ҷасади саг 13 сол пеш ҳаёти Уилкс ба куллӣ тағйир ёфт. Тайи ин 13 сол ӯ зери муҳофизати мақомоти пулис қарор дошт.

Тибқи баъзе гузоришҳо, созмони террористии “Ал-Қоида” барои сари Вилкс мукофотпулӣ таъин карда буд. Дар соли 2010 ду нафар хостанд хонаи рассомро дар ҷануби Шветсия оташ зананд. Соли 2020 як зани Пенсилвания ба сӯиқасд ба куштани ӯ иқрор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.