Як устоди донишгоҳ дар шаҳри Кобул бо кафан дар канори хонаводааш даст ба эътироз зада, изҳор доштааст, ки бекору гуруснаанд.
Муҳаммад Собир Инсондӯст ҳамроҳи хонаводааш бо сабаби бад будани вазъи иқтисодӣ ва маҳрумии занону духтарон аз кор ва таҳсил даст ба эътироз задааст.
Ӯ дар мусоҳиба бо Тулӯънюз мегӯяд барои озодӣ, адолат, баробарӣ, бародарӣ, эҷоди ҳаққи кор ва маҳрумияти фарзандонашон аз таҳсил омодааст аз ҷони худ бигзарад.
"Аз марги худ ба хотири озодӣ, адолат, баробарӣ, бародарӣ, эҷоди ҳаққи кор ва маҳрумияти авлодонамон аз таҳсил дареғ намекунем. Аз марги худ ҳам наметарсем", - иброз доштааст ӯ.
Сумайя духтари ин хонавода донишомӯзи синфи ҳафтум аст мегӯяд, ки монанди ҳазорон духтари дигар аз таҳсил маҳрум шудааст.
"Мо аз таҳсил маҳрум шудем ва хонумҳои зиёде, ки инҷо ҳастанд аз кор маҳрум ҳастанд ва мо аз Имороти исломӣ мехоҳем, ки ба мо ҳаққи таҳсил бидиҳад"- мегӯяд дар мусоҳиба бо Тулӯънюз.
Дар навор дида мешавад, ки ҳамроҳи ин хонавода даҳҳо зану мард ба эътироз пайвастаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста