Садҳо фламингои гулобӣ ба соҳилҳои Қаракӯли Қазоқистон фуруд омаданд. Пеш аз ба ҷануби Туркманистон ё Эрон раҳсипор гардидан барои зимистонгузаронӣ, парандагон ин ҷо таваққуф мекунанд. Ин ҳолат сол аз сол такрор шуда, навору аксҳои он хеле зебову тасхиркунанда аст.

Тавре ки Euronews хабар медиҳад, ин мавзеъ барои парандагон серғизо буда, дар наздикиҳояш одамон нестанд. Парандагон то нимаи моҳи ноябр назди ин кӯл меистанд.

Гуфта мешавад, ҳар тирамоҳ зиёда аз 80 навъи парандагон ба соҳилҳои Қаракӯл фуруд меоянд, то ки дар давраи муҳоҷират неруи худро барқарор намоянд. Аксари ин парандаҳо ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.