Алӣ Майсам Назарӣ масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вокуниш ба истеъфои Залмай Халилзод намояндаии вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон дар Твиттераш навиштааст, ки Амрико бояд дар робита ба муомилаи пушти пардагии Халилзод бо Толибон таҳиқот анҷом бидиҳад:
“Дар мавриди муомилоти пушти пардагии Залмай Халилзод бо Толибон давлати Амрико бояд як таҳқиқи комил анҷом диҳад. Зеро Халилзод тӯли се сол ба Афғонистон ва Амрико хиёнат карда, як гурӯҳи терористиро бо гузаштҳои зиёд ва бидуни талаби чизе бар ивазаш, қонунӣ кард”.
Дар пайванд ба истеъфои Халилзод ҳамчунин Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон низ гуфтааст: "Саранҷом ин марди маккор аз бурдани Афғонистон ба як фоҷиаи баргаштнопазир аз саҳна ихроҷ шуд"
Бино бар эъломи вазорати умури хориҷии Амрико, Томас Уэст муовини Халилзод, ба ҷойи ӯ фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон таъин шуд.
Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико аз Залмай Халилзод изҳори ташаккур кард ва гуфт: "Ташаккур ба сафир Залмай Халилзод барои хидмати даҳсола ба Иёлоти Муттаҳида”.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста