Ҳукумати сарбарасти “Толибон” иддао кардааст, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фаъолиятҳои сиёсии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқии фирории Афғонистон ва Ато Муҳаммади Нурро маҳдуд кардааст. То кунун ин сиёсатмадор ба ин иддаи Толибон посухе надодаанд.
Рӯзномаи “8 субҳ”-и чопи Кобул бо нақли қавл аз масъулони ҳукумати Толибон навиштааст, ки “Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бар фаъолиятҳои сиёсии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешин ва бархе аз мақомоти сиёсии Афғонистон маҳдудият вазъ кардаанд”.
Аҳмадуллоҳ Васиқ, узви Комиссияи фарҳангии толибон шаби якшанбе, ҳафтуми қавс дар Твиттери худ навиштааст, ки ин маҳдудият бар Ашраф Ғанӣ ва мақомоти пешини ҳукуматаш, ки ба Дубай ва шаҳрҳои дигари он фирор карданд, вазъ шудааст.
Ба гуфтаи Васиқ, ба ҷуз Ашраф Ғанӣ, Ато Муҳаммади Нур, волии пешини вилояти Балх ва раиси ҳизби ҷамъияти исломӣ (шохае таҳтии раҳбарии худаш) ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири пешини амнияти миллии ҳукумати Ғанӣ низ шомили ин маҳдудиятҳо ҳастанд.
То кунун мақомоти расмии Иморот ба ин иддаи толибон вокуниши накардаанд. Ҳамчунин на Ашраф Ғанӣ ва Ато Муҳаммади Нур низ дар ин баробар мавзеъгирие накардаанд.
Иддаои толибон дар мавриди маҳдуд шудани фаъолиятҳои сиёсии Ато Муҳаммади Нур дар Ҳолест, ки 22 октябр ҷаноби Нур аз ташкили як созмони сиёсие бо номи Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон хабар дод.
Он замон гуфта мешуд, ки чеҳраҳои сиёсие чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Абдурашиди Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде дигар шахсиятҳои сиёсӣ низ дар раъси ин шӯро қарор доранд.
Ин шӯро ҳадаф пеш гузошта буд, ки мушкилоти Афғонистон аз тариқи сиёсӣ ҳаллу фасл гардад. Аммо таъкид мекунанд, “дар сурате, ки ҷониби муқобил ва ҳомиёнашон ба чунин роҳи ҳал тан надиҳанд, мо ночор ба бахши дуввуми мубориза (фаъолиятҳои низомӣ) мутавассил хоҳем шуд”.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 майи соли 2025
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста