Илон Маск молики ширкатҳои маъруфи Tesla ва SpaceX аз сӯйи маҷаллаи Time шахсияти сол эълон шуд. 

"Сарватмандтарин одами дунё хона надорад ва чанде пеш дороияшро фурӯхт. Вай ба мадори замин моҳвора мефиристад ва аз неруи офтоб истифода мебарад. Вай мошини сохтаи худро меронад, ки бензин истифода намебарад ва тақрибан ба ронанда эҳтиёҷ надорад", - навишта шудааст дар матлабе, ки ба Маск бахшида шудааст.

Пештар аз ин Маскро бо бештар аз 300 миллиард доллар дороӣ сарватмандтарин марди таърихи дунё унвон карда буданд.

Соли 2020 маҷаллаи Time президенти ИМА Ҷо Байден ва ноиб-президенти он кишвар Камала Ҳаррисро шахсияти сол унвон карда буд. Дар соли 2019 Time фаъоли муҳитзистии шведӣ Грета Тунбергро одами сол хона буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.