Ҷангиёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки алайҳи ҳаракати ҳукмрон дар Афғонистон - “Толибон” мубориза мебаранд, тайи 8 рӯзи ахир 61 ҷангҷӯи Толибонро кушта, 42 тани дигар аз толибон захмӣ шудаанд.

Дар ин бора Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ (Sibghatullah Ahmadi), сухангӯи Ҷабҳа дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст, менависад “Фергана”.

Ба гуфтаи Аҳмадӣ, ҷангиён дар натиҷаи “ амалиёти муваффақонаи партизанӣ” зидди толибон дар 16 вилоят - Бағлон, Панҷшер, Кобул, Каписо, Самангон, Тахор, Парвон, Бодғис, Лағмон, Балх, Форёб, Ғазнӣ, Ғур, Ҳирот, Нангархор ва Кунар талафот додаанд.

“Душман аз ҳама бештар дар вилоятҳои Кобул, Каписо, Бағлон ва Панҷшер ба талафот дучор шуд. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ин амалиётро ба тавре моҳирона роҳандозӣ намуд, ки ҳеҷ касе аз аҳолии осоишта осеб надид. Дар ин амалиёт ду сарбози ҷасури мо ҳалок ва боз се нафар захмӣ шуданд”, - гуфтааст намояндаи Ҷабҳа.

Ӯ илова намудааст, ки Ҷабҳа амалиёти худро то комилан аз ҳукмронии толибон озод кардани Афғонистон идома медиҳад.

Қаблан намояндагони Ҷабҳа изҳор дошта буданд, ки Ҷабҳа ҳузури худро дар Афғонистон густариш бахшида, ҳарчи бештар вилоятҳо дар кишвар ба неруҳои муқовимат ҳамроҳ мешаванд.

Аммо мақомоти ҳукумати Толибон иддао доранд, ки Ҷабҳа алайҳи Толибон ҳеҷ гуна амалиёти низомӣ намегузаронад ва танҳо ба таври расмӣ вуҷуд дорад.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нимаи моҳи август баъди аз ҷониби Толибон тасарруф шудани ҳокимият дар Кобул таъсис дода шуд. Неруҳое, ки эътирофи ҳокимияти ҳаракати тундгароро қабул надоштанд, атрофи Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи саҳроии солҳои 1980-90 маъруфи тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд мутаҳҳид шуданд.

Аввали моҳи сентябр ба толибон муясссар шуд, ки водии Панҷшерро зери назорат гиранд. Ҷангиёни Ҷабҳа аз ақибнишинии худ ба дараҳои кӯҳистони гирду атрофи водӣ ва гузаштан ба усули ҷанги партизанӣ хабар доданд.

Охири моҳи октябр Ҷабҳаи муқовимати миллӣ намояндагии худро дар ИМА боз намуд, то ки сиёсатмадорони армикоиро муътақид созад, ки мухолифони ҳукумати кунунии Афғонистонро дастгирӣ кунанд. Дар ҳамин вақт доир ба ифтитоҳи дафтари кории Ҷабҳа дар Душанбе хабар дода шуд, лекин намояндагони неруҳои мухолифин ин маълумотро рад карданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.