Шумори нашъамандон дар Афғонистон ҳудуди 3,5 млн нафарро ташкил медиҳад, ки ба 9% аз аҳолии 39 миллионнафараи кишвар баробар аст. Хабаргузории ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии афғонии TOLOnews иттилоъ медиҳад, ки дар ин бора муовини вазири тандурустии “Толибон” Абду Барӣ Умар изҳори назар кардааст.

“3,5 млн нафар дар кишвар нашъаманданд. Ҳар кадоме аз онҳо ҳамарӯза ба маблағи наздики 3 доллар маводи мухаддир истеъмол мекунад”, - гуфтааст ӯ.

Қаблан зикр гардида буд, ки  толибон ба фиристодани нашъамандон ба марказҳои тиббии Кобул барои табобати маҷбурӣ шурӯъ кардаанд.

Онҳо зери пулҳои соҳили дарёи Кобул, ки нашъамандон онҷо ҷамъ меоянд, рейдҳо гузаронида, онҳоро ба муддати 45 рӯз барои безараргардонӣ ва поккори организмашон ба дармонгоҳҳо мефиристанд.

Сафи нашъмандон дар Афғонистон сол то сол дар ҳоли афзоиш аст. Ба ин тариқ, соли 2018 дар кишвар ҳудуди 3 млн нафар истеъмолгарони маводи мухаддир сабт шуда буд, ки зиёда аз 1 млн нафарашон занону кӯдакон буданд. Ин шумор дар муқоиса бо соли 2010 се баробар афзудааст.

Бино ба маълумоти СММ, соли 2020 майдони замине, ки барои кишти кӯкнор дар Афғонистон истифода мешавад, нисбат ба соли гузашта 37% афзоиш ёфтааст. Дар соли 2020 85%-и истеҳсоли афюн дар миқёси ҷаҳон ба Афғонистон рост омада, 6-11%-и ММД-и ин кишварро истеҳсоли маводи мухаддир ташкил медод.

Давоми солҳои 1996-2001, дар давраи аввали ҳукмронии Толибон, истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир манбаи асосии даромади онҳо буд ва қариб комилан таҳти назорати тундгароҳо қарор дошт, ҳарчанд онҳо Комиссияи олии назорати маводи мухаддир таъсис дода буданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.