Бар асоси як номаи Вазорати хориҷаи Амрико, ки ба сафорати Афғонистон дар Вашингтон ирсол шудааст, сафорати Афғонистон дар Вашингтон ва консулгариҳояш дар Лос-Анҷелесу Ню-Йорк баста мешавад.
Гуфта мешавад дар ин номаи Вазорати хориҷаи Амрико, рӯзи 17 январи соли 2022 ба сафорати Афғонистон дар Вашингтон хабар дода шудааст, ки "то як моҳи баъд" ин намояндагӣ ва ҳамчунин консулгариҳои Афғонистон дар Лос-Анҷелесу Ню-Йорк бояд таътил шаванд.
Амрико чанде пеш ҳисобҳои молии сафорати Афғонистон дар ин кишварро масдуд карда буд. Ин кор сабаби мушкилоти иқтисодӣ шуда буд ва сафорати Афғонистон гуфта буд, ки "мушкилоти иқтисодӣ" идомаи фаъолияти сафоратро ғайримумкин кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар номае, ки ба дасти расонаҳо расидааст, ба Одила Роз, сафири давлати пешини Афғонистон дар Вашингтон пешниҳод шудааст, ки ба танҳоӣ ба фаъолияти худ идома диҳад, вале кормандон ва дипломатҳои дигар имтиёзҳои худро аз даст хоҳанд дод.
Бино ба иттилои расонаҳо Одила Роз аз самташ канорагирӣ кардааст. Ӯ ба ирсоли номае ба Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки ба танҳоӣ ба кораш идома намедиҳад ва аз мақомаш канорагирӣ мекунад.
Ҳамчунон расонаҳо гузориш додаанд, ки сафорати Афғонистон аз Вазорати хориҷаи Амрико хостааст, ки дар сурати баста шудани сафорат, бояд парчами серанги Афғонистон бар сохтмонҳои сафорат ва консулгариҳои ин кишвар боқӣ бимонад.
Амрико ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст ва ҳисобҳои молии намояндагиҳои Афғонистон дар ин кишвар низ дар бонкҳои амрикоӣ масдуд шудаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста