Шоми 28-уми феврал музокироти миёни ҳайатҳои Русия ва Укроин, ки дар марзи Укроину Белорус гузашт, бидуни натиҷаи мушаххасе ба анҷом расид. Михаил Подоляк, мушовири раисиҷумҳури Укроин дар як паёми видеоӣ гуфт: "Музокироти ҳайатҳо дар марзи Беларус ба поён расид ва ҳайатҳои музокиракунанда барои машварат ба пойтахтҳои худ баргаштанд".

Ба гуфтаи Подоляк, ҳадафи аслии музокирот баррасии созиши оташбас ва поёни амалиёти ҷангӣ дар хоки Укроин будааст. Ба иттилои расонаҳо дафтари раисҷумҳури Укроин хостори оташбаси фаврӣ шудааст.

Ҳамчунин натиҷаи музокиротро раҳбари ҳайати Русия, ёвари раисиҷумҳури ин кишвар, Владимир Мединский низ дар як паёми видеоӣ шарҳ дод.

Ӯ гуфт, ки ҳайатҳо барои баррасии музокирот бо роҳбарони худ ба пойтахтҳои кишварҳо бармегарданд. "Нукоте рӯшан шуд, ки  бар асоси он метавон ба мавқеи муштарак расид"-иброз дошт ӯ.

Кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карда, ба ҷорӣ кардани таҳримҳои сахтар идома медиҳанд ва ба ҳимояти низомӣ аз Украина силоҳу муҳиммот фиристодаанд.

“Азия - Плюс” тасмим гирифт, ки воқеояти муҳим (хроника) - и панҷрӯзаи ҳамлаи низомии Русия ба Укроинро пешкаш намояд.

Рӯзи 22 феврали соли 2022 раисҷумҳури Русия Владимир Путин баъди он ки истиқлоли ду минтақаи ҷудоиталаби Укроин - Луҳанск ва Донетскро эътироф кард, ба вазорати дифои кишвараш дастур дод, ки дар ин ду минтақа бо ворид кардани неруҳои мусаллаҳи Русия "сулҳро таъмин" кунад.

24 феврали 2022


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард. Фармон пас аз он содир шудааст, ки ҷудоиталабони Украина аз Русия кӯмаки низомӣ хоста буданд.

Ҳамлаҳои Русия аввал ба шаҳрҳои Киеву Одеса ва Днепр оғоз шуда то ба Харков, Бердянск ва Одессаву Житомир густариш ёфтанд.

Ҳамлаи Русия ба Укроин аз ҷониби бисёр кишварҳо ба вокунишҳои сахте дучор шуд. Аввал, нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, ки "раисҷумҳур Путин роҳи хунрезӣ ва вайронкориро интихоб кард". Ҳамчунин Ҷо Байден гуфт, ки Амрико, муттаҳидон ва шарикон имрӯз алайҳи Русия таҳримҳои сахте ҷорӣ мекунанд.

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Укроин дар саросари Укроин вазъияти низомӣ эълон кард ва ба мардум ҳушдор дод, ки “дар хонаҳояшон бимонанд ва наҳаросанд.

Укроин равобити дипломатиашро бо Русия қатъ кард ва фазои ҳавоии худро комилан баст.

Неруҳои ҳавоии Русия 12 фурудгоҳеро номбар кард, ки муваққатан аз фаъолият бозмонданд.

НАТО ваъда дод, ки Русия "баҳои хеле баланди иқтисодӣ ва сиёсиро пардохт хоҳад кард".

Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои нави соҳавӣ ҷорӣ мекунад

Вазорати дифои Русия: Инфрасохтори низомии Украина аз кор мондааст.

Вазорати дифои Украина: онҳое, ки мехоҳанд ба артиши Украина кӯмак расонанд, силоҳ медиҳем

Кишварҳои аврупоӣ ба боздоштани додани раводид ба русҳо шурӯъ карданд.

- Вазири корҳои хориҷии Украина: “Путин ҷангро бо Украина оғоз кард. Ҳамлаҳо ба шаҳрҳои осоиштаи Украина идома доранд. Ин ҷанги ғасбкорӣ аст. Украина худро дифоъ мекунад ва ғалаба мекунад. Ҷаҳон метавонад ва бояд Путинро боздорад”.

Дар Киев аз соати 22:00 то 7:00 соати комендантӣ ҷорӣ карда шуд.

Шоми 24 феврал дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба Укроин 57 нафар кушта ва 169 нафар ҷароҳат бардоштаанд,- вазорати тандурустии Украина.


Ҷониби Русия дар бораи талафоти ҷонӣ хабар надодааст.

Лукашенко пешниҳод кард, ки музокироти Русияву Украина дар Минск баргузор шавад.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки ҳадаф аз амалиёти низомӣ “халъи силоҳ кардани Украина” аст.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, шоми 24 феврал гуфт, раҳбарони кишварҳои G7 "ба эъмоли як бастаи сангин ва дигар чораҳои иқтисодӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани Русия розӣ шуданд".

Амрико алайҳи бузургтарин бонкҳои Русия “Сбербанк” ва “ВТБ”, инчунин “Откритие”, “Совкомбанк” ва “Новикомбанк” таҳрим эълон кард.

Дар охири рӯз, Индекси биржаи Маскав беш аз 33%, индекси RTS - қариб 40%, саҳмияҳои ширкатҳои бузургтарин 30-40% коҳиш ёфтанд. "Интерфакс" онро дар таърихи бозори саҳомии Русия "суқути рекордӣ" номид.

Владимир Зеленский роҳбарони кишварҳои ғарбиро ба таъсиси эътилофи зидди Путин даъват кард.

Русия нерӯгоҳи атомии Чернобилро ба тасарруфи худ гирифт

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон дар суханронии худ ба парлумон дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Русия сухан гуфт. Ба онҳо ширкатҳои давлатии Русия - Бонки “ВТБ” ва “Аэрофлот” шомиланд.

25 феврали 2022

Владимир Зеленский фармон дар бораи сафарбаркунии умумиро имзо кард.

Зеленский дар паёми нави худ гуфт, ки бо хонаводааш дар Киев аст. Ӯ афзуд, ки дар рӯзи аввали ҷанг талафоти ҷониби Украина ро кушта шудани 137 сарбози украинӣ аст.

Эътирозҳо алайҳи ҷанг дар дастикам 54 шаҳри Русия баргузор шуд ва беш аз 1,7 ҳазор нафар боздошт шуданд.

Тазоҳурот дар Санк-Петербург
David Frenkel

ИМА, Бритониё, Ҷопон, Иттиҳодияи Аврупо, Фаронса ва Канада алайҳи бонкҳо, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, элитаи рус ва наздикони онҳо таҳримҳои нав ҷорӣ карданд.

Дар баъзе манотиқи Киев садои таркишҳо шунида шуд, дар натиҷаи партоби мушак як бинои истиқоматӣ оташ гирифта, се нафар захмӣ шудаанд. - шаҳрдори пойтахт Виталий Кличко.

Субҳи 25 феврал раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба шаҳрвандони кишвар муроҷиати нав кард. Вай изҳороти мақомоти Русияро дар бораи он ки нерӯҳои мусаллаҳаш ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Украина зарба намезананд, дурӯғ номид.

Вазорати дифои Бритониё иддао дорад, ки Русия дар Украина беш аз 450 сарбозашро талаф додааст. Русия дар бораи талафоти ҷонӣ хабар надодааст.

УЕФА бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо дар Санкт-Петербургро лағв кард. Он бояд 28 май баргузор мешуд.

СММ мегӯяд, ки дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба Украина ҳудуди 100 ҳазор нафар гуреза шудаанд.

Зеленский ба Путиндар бораи қатъи ҳамла пешниҳоди гуфтушунид кард ва аз Аврупо даъват кард, ки Украинаро дифоъ кунад.

Кремл: Русия омодааст як ҳайати худро барои музокира бо Украина дар Минск фиристад

Созмондиҳандагони “Eurovision” эълон карданд, ки Русия имсол дар ин озмун ширкат намекунад.

“Роскомнадзор” дастрасӣ ба Фейсбукро маҳдуд кард.

Владимир Зеленский видеоеро бо маъмурияти худ нашр кард. Вай гуфт, ки онҳо дар Киев мемонанд.

Бритониё, ИМА, Канада, Австралия ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Путин ва Лавров таҳримот эълон карданд.

Владимир Зеленский ба президенти Амрико занг зад.

Лавров, шартҳои музокира бо Укроинро гуфт: Ҳар лаҳза, ки артиши Укроин силоҳҳои худро ба замин гузоранд, омодаи музокира бо Укроин ҳастем.

Владимир Зеленский дар паёми видеоии ҷадид на танҳо нишастан бар сари мизи музокираро пешниҳод кард, балки ҳамлаи Русия ба Укроинро на танҳо ҳамла, балки оғози ҷанг алайҳи Аврупо номид.

Бонки миллии Украина муомилоти асъорӣ бо рубли русӣ ва белорусро манъ кард.

26 феврали 2022

Вазорати корҳои хориҷии Русия: Киев пешниҳод кард, ки муҳокимаи музокиротро то фардо ба таъхир гузорад.

Ба гуфтаи СММ, дар камтар аз ду рӯз аз оғози ҳамла 50 ҳазор нафар Украинаро тарк кардаанд.

Абхазия истиклолияти ДНР ва ЛНР-ро эътироф кард. Ин аввалин давлатест, ки ба ҷуз Русия, истиқлоли ҷумҳуриҳои Донбасро эътироф кардааст.

Котиби матбуотии президенти Украина Сергей Никифоров иддао дорад, ки Киев аз гуфтушунид бо Маскавро, тавре ки Мария Захарова иддао намуд, рад накардааст.

Булғористон ҳарими ҳавоиро барои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия бастааст.

Кристалина Георгиева, раиси Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) гуфт, ки Украина дархости маблағгузории изтирорӣ ирсол кардааст.

Владимир Зеленский боз муроҷиатнома нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки сокинони кишварро шаби душвор интизор аст ва Русия ба чанд шаҳри дигар ҳамла мекунад.

ИМА гуфт, ки ба Украина 6,4 миллиард доллар кумак мекунад.

Шаҳрдории Киев аз сокинони пойтахт даъват намуд, ки ба кӯча набароянд - дар шаҳр ҷанг аст.

ИМА ба Зеленский барои тарки Укроин кӯмак пешниҳод кард, ӯ рад намуд – “Washington Post”.

Украина ба музокирот бо Русия омода аст - котиби матбуотии раисиҷумҳури Укроин.

Президенти Украина Владимир Зеленский субҳи рӯзи шанбе дар канали Telegram-и худ як видеои кӯтоҳеро нашр кард, ки дар назди бинои маъмурияти президент сабт шудааст: “Ман дар ин ҷо (Украина - дар назар аст) ҳастам, мо яроқ намепартоем, мамлакати худро муҳофизат мекунем”.

Дар Киев ба як бинои баландошёнаи истиқоматӣ “снаряд” афтод.

Артиши Русия гуфт, ки назорати комил бар минтақаи Мелитопол, як шаҳр дар ҷануби Украинаро барқарор кардаанд.

Дар Киев метро кори худро қатъ кард.

Полша аз бозӣ бо Русия дар Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 даст кашид.

Кори “Facebook” дар Русия суст шуд. Ин дар пайи он буд, ки “Фейсбук” матолиби шабакаи телевизионии “Звезда”, “РИА Новости”, “Лента.ру” ва “Газета.Ру” - ро беэътимод номид ва дар натиҷаи ҷустуҷӯи онҳо маҳдудиятҳои техникӣ ҷорӣ кард.

Владимир Зеленский ба мардум муроҷиати нав кард ва гуфт, ки Киев ва шаҳрҳои асосии атрофи пойтахти он дар ихтиёри артиши Укроин аст ва илова намуд, ки бояд ба ҷанг хотима дода шавад.

Кипр ва Фаронса аз тасмими ҷудо кардани Русия аз “SWIFT” пуштибонӣ хоҳанд кард.

Виталий Кличко дар ин шаҳри Укроин соати комендантӣ эълон кард. Он рӯзи шанбе соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуда то соати 8:00 рӯзи якшанбе идома кард.

Алексей Арестович, мушовири раиси дастгоҳи раисиҷумҳури Укроин, тасдиқ кард, ки Киев аз музокира бо Русия худдорӣ кардааст. Дар Киев онҳо дар бораи омодагӣ ба гуфтушунидҳо сӯҳбат мекунанд, аммо танҳо барои музокироти комил ва бидуни шарту ултиматумҳои Русия.

СММ: Зиёда аз 150 ҳазор гуреза Украинаро тарк карданд.

Дар Аврупо масъалаи қатъи Русия аз “SWIFT” баррасӣ мешавад.

Вазорати дифои Русия аз ҳамлаи навбатӣ хабар дод ва гуфт, ки аз сабаби баргузор нашудани гуфтушунид ба артиши Русия фармон дода шуд, ки дар ҳама самт ҳамла кунанд. Русия иддао дорад, ки ҳеҷ гуна ҳамла ба манотиқи аҳолинишини шаҳрҳои Украина анҷом надодааст.


Дар Киев аз соати 17:00 соати комендантӣ оғоз шуд, ки он то соати 8-и субҳи 28 феврал идома хоҳад кард, хабар медиҳад ҳукумати шаҳр.

Мақомоти Киев хабари кушта шудани ду нафар дар ҳамлаи мушакӣ ба Киевро расман тасдиқ карданд.

Олмон иҷоза дод, ки аслиҳаи худро ба Украина дубора содир кунад.

ИМА ба Украина барои дифоъ 350 миллион доллари дигар ҷудо мекунад.

Владимир Зеленский дар бораи натиҷаҳои рӯз боз муроҷиатнома кард ва президентҳои Озарбойҷон ва Туркия ба ӯ пешниҳод карданд, ки бо Русия гуфтушунид ташкил кунад.

Ӯ гуфтааст, ки (эҳтимол) ҷудо шудани Русия аз SWIFT пирӯзии Украина ва миллиардҳо талафот барои Русия аст

“Украина то даме ки лозим бошад, мубориза мебарад. "Агар фарзандони мо аллакай дар паноҳгоҳҳои зери туп таваллуд шуда бошанд, пас мо аз ҳеҷ чиз наметарсем" - гуфтааст Зеленский.

Раҳбарияти шабакаи фароғатии «Пятница» аз ҳамкорӣ бо продюсери барномаи "Орел и решка” даст кашид.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар Одесса ва вилоят аз соати 19:00 то 6:00 соати комендантӣ ҷорӣ шуд.

Олмон ба Украина силоҳи зиддитанкӣ мефиристад.

Озарбойҷон ба Украина дору ва дигар маводҳои тиббӣ фиристод.

Чанд кишвар фавран баста шудани фазои ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои Русия эълон карданд, аз ҷумла Британияи Кабир, Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех, Эстония ва дигарон.

Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон таъйид кард, ки ҷангиёни чеченро аз Горди Миллӣ барои кумак ба артиши Русия фиристодааст.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина беш аз 120 ҳазор овораи дохилӣ кишварро ба ғарб тарк кардаанд. Ҷараёни асосии гурезаҳо ба Полша меравад.

Шаҳрдори Киев Виталий Кличко ваъда дод, ки ҳар касе, ки дар вақти комендант (яъне баъд аз соати 19) дар кӯча дида мешавад, диверсанти рус ҳисобида мешавад.


27 феврали 2022

Зеленский ба нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсонро телефонӣ сӯҳбат карда гуфтааст, ки “барои мавқеъаш, тасмимҳои нав оид ба баланд бардоштани иқтидори ҷангии артиши Украина миннатдорам."

Вазорати дифои Укроин иттилоъ дод, ки зиёда аз 300 нафар сарбози рус асир гирифта шуд. Ҷониби Русия ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардааст.

Вазорати дифои Укроин барои модарони сарбозони рус телефони боварӣ таъсис дод, ки онҳо метавонанд занг зада, аз сарнавишти писаронашон огоҳ шаванд.

Дар пайи Олмону Ҳолланд Фаронса низ нақшаҳои кумаки низомӣ ба Украинаро мубодила кард. Маъмурияти президент Макрон аз интиқоли силоҳи дифоъӣ ва сӯзишворӣ ба Киев хабар дод.

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, Британияи Кабир ва Канада аз тасмими қатъи робитаи бонкҳои Русия аз системаи “SWIFT” ва ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи захираҳои асъории Бонки марказии Русия расман эълон карданд.

Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ҳайати Русия барои музокирот бо Украина вориди Беларус шуд. “Русия ба музокирот дар Гомел омода аст, ҳоло Маскав украинҳоро интизор аст”, - гуфт ӯ.

Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар паёми худ ба мардуми Беларус гуфт, Киев омода нест бо Маскав дар қаламрави онҳо музокира кунад. Чунки чаҳор рӯз пеш маҳз аз қаламрави Беларус "мушакҳо, ҳавопаймову чархболҳо ба ҷониби Укроин “омаданд”

Муҳорибаҳои асосӣ дар сарҳадҳои шарқӣ ва ҷанубии Укроин дар вилояти Мариупол, инчунин дар кучахои Харков ва Николаев идома дорад.


Кремл ва мақомоти Укроин изҳороти якдигарро дар бораи музокироти дарпешистода рад мекунанд Дмитрий Песков гуфт, ки маҳз ҷониби Украина Беларусро ба унвони минбари музокирот бо Русия интихоб кардааст. Дар Киев онҳо посух доданд, ки чунин гузина воқеан баррасӣ шудааст, аммо дар охирин лаҳза Маскав талабҳои ғайриқобили қабул - гузоштани силоҳҳои артиши Украинаро пеш овард. Ҷониби Украина таъкид мекунад, ки барои музокирот омода аст, аммо на дар Беларус, балки дар ҳама қаламрави дигари бетараф.

Ёвари президент Владимир Мединский эълон кард, ки намояндагони Русия то соати 15:00 рӯзи 27 феврал (зоҳиран ба вақти Маскав) барои тасдиқи мулоқот бо Украина дар Гомел мунтазир хоҳанд шуд.

Владимир Зеленский дар Твиттер навишт, ки Украина расман алайҳи Русия ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноии Гаага шикоят кардааст. Ба гуфтаи Зеленский, Киев аз додгоҳ дархост мекунад, ки масъулияти Русияро барои таҳрики мафҳуми "наслкушӣ" барои сафед кардани таҷовузи низомӣ эътироф кунад.

Ҳазорон нафар намояндагони ҷамоатҳои мухталифи Русия, аз ҷумла, ходимони маданият, олимон, журналистон, рассомон, муаллимон, духтурон, тарроҳон ва ғайра аз қатъи амалиёти ҷангӣ дар Укроин изҳори назар карданд.

Фаронса, Италия ва Ҳолланд ба манъи парвози ҳавопаймоҳои Русия дар қаламравашон ҳамроҳ шуданд.

Владимир Путин дар мулоқот бо вазири дифоъ Сергей Шойгу ва раиси ситоди кулл Валерий Герасимов амр дод, ки нирӯҳои иловагӣ ба ҳолати омодабоши махсус ворид шаванд. Ба ин нурӯҳо яроқи атомӣ низ дохил мешавад.

Дафтари президент Владимир Зеленский хабар дод, ки мақомоти Киеву Маскав дар як маконе дар марзи Беларус бо Украина мулоқот хоҳанд кард. Манбаъ дар баёнияе рӯзи 27-уми феврал гуфт, музокирот ҳосили гуфтугӯи телефонии Зеленский ва раҳбари Беларус, Александр Лукашенко, аст ва бидуни ҳеч шарте сурат хоҳад гирифт.

"Мо ба мувофиқа расидем, ки ҳайати Украина бо ҳайати Русия бидуни ягон шарт дар марзи Украинаву Беларус, дар наздикии рӯдхонаи Припят, мулоқот кунад," - омадааст дар изҳорот.

Канада ҳарими ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои Русия бастааст.

Дар Москва, Санк Петербург ва дигар шаҳрҳои Русия иштироккунандагони намоишҳои зиддиҷангиро дастгир мекунанд.

Зеленский ба муваффақияти музокирот бовар надорад, вале мегӯяд, онҳо кӯшиш мекунанд. Зеленский дар изҳороти навафзуд: "Мо ба низомиёни худ, ки дар даст силоҳ доранд, дар як моҳ сад ҳазор гривна пардохт мекунем [...] то онҳо аниқ донанд, ки кишвар аз онҳо миннатдор аст”.

Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ "ҳалокшудагон ва захмиён ҳастанд". Аммо дар бораи шумораи кушташудаҳо хабар дода нашудааст. Вазорат дар бораи асир афтодани низомиёни рус низ суҳбат кард.

Шветсия дар кумак ба Украина ба Иттиҳодияи Аврупо пайваст - ин кишвар ба минтақаи муноқиша 5 ҳазор норинҷакандози якдафъаинаи зиддитонкӣ, ҳамин миқдор зиреҳи бадан, кулоҳ ва ғизо мефиристад.

Шоми якшанбе дар шаҳрҳои бузурги Украина боз садои сиренаи ҳамлаи ҳавоӣ садо дод. Дар ҷамъбасти рӯз, ҷониби Украина дар бораи тахриби ҳавопаймоҳои Русия ва системаи дифои ҳавоии Бук-М1 хабар дод.

Тақрибан соати 15:50 низомиёни рус вориди Бердянск шуданд ва шаҳрро таҳти назорати худ гирифтанд. Украина инро тасдиқ кард, вале гуфт, ки низомиёнаш дар онҷо нестанд.


Украина ва Русия ба музокирот мувофиқат кардаанд, ҳарчанд Киев гуфтааст, ки дар ин музокирот интизории зиёд надорад.

Украина гуфт, ҳамлаи мушакӣ ба фурудгоҳи Житомир баъд аз зӯҳри якшанбе аз қаламрави Беларус сурат гирифтааст. Мушак инчунин ба мавзеи Софиевская Боршаговкаи Киев зада шуда, дар Запороже ва Житомир зарбаҳои ҳавоӣ анҷом дода шуданд.

Кишварҳои ғарбӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳо ва кумак ба Украина идома медиҳанд. Иттиҳодияи Аврупо бори аввал дар таърихи худ ба минтақаи низоъ расман силоҳ интиқол хоҳад дод.

Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки иҷозаи ҳавопаймоҳои Русия, аз ҷумла ҳавопаймоҳои хусусиро ба ҳарими ҳавоии кишварҳои иттиҳод бозмедорад.

28 феврали 2022

Ассотсиатсияи футбол эълон кард, ки Англия дар вокуниш ба таҷовузи Украина "дар ояндаи наздик" бо Русия ҳеҷ бозии байналмилалӣ нахоҳад дошт. Қаблан Полша, Шветсия ва Чехия аз бозӣ бо тими Русия худдорӣ карда буданд.

Дания ба шаҳрвандони худ иҷозат дод, ки ба Легиони Байналмилалии Мудофиаи Ҳудуди Укроин, ки Владимир Зеленский таъсис додааст, ҳамроҳ шаванд. Легион бояд аз ҷониби хориҷиёне анҷом дода шавад, ки омодаанд дар амалиёти ҷангӣ дар ҷониби Укроин ширкат кунанд.

Иттиҳодияи Аврупо ба нирӯҳои Украина ба маблағи 450 миллион евро аслиҳа медиҳад, - гуфт вазири умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел.


Владимир Путин нахустин бор пас аз эълони "амалиёти махсус" дар Укроин дар назди мардум пайдо шуд.

Укроин алайҳи Русия ба додгоҳи Гаага даъво кард. Ин кишвар Русияро дар тарҳрезии наслкушӣ муттаҳам кардааст.

Ҷо Байден рӯзи душанбе аз муттаҳидон даъват кард, ки дар бораи вазъ дар Украина ва атрофи он як конфронси нави видеоӣ баргузор кунанд.

Қурби рубл аллакай дар баробари доллар 30% ва евро 40% поин рафтааст.

Корея ва Сингапур низ алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ хоҳанд кард.

Мақомоти Бритониё қасд доранд алайҳи Бонки марказии Русия таҳримот ҷорӣ кунанд, - хабар медиҳад Reuters.

Вазорати дифои Украина эълом кард, ки талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷараёни ҷанг ҳудуди 5 ҳазору 300 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, мушаххас шудааст, ки ин шумора на танҳо кушташудагон, балки захмиёнро низ дар бар мегирад.

Ҳайати Украина ба маҳалли музокирот бо намояндагони Русия ба Белорус дар наздикии рӯдхонаи Припят омад.

Ба ҳайати Укроин раиси фраксияи «Хизматгори мардум» (Слуга народа) дар “Радаи болоӣ” (Верховная Рада) Давид Арахамия, вазири дифои кишвар Алексей Резников ва мушовири раиси дастгоҳи президент Михаил Подоляк шомиланд.

Ҳайати Русияро дар ин музокирот ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекунад. Дар ин ҳайат, ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, вакили парлумон Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин шомиланд.


Гуфта мешавад, ки мулоқот соати 11:00 ба вақти Киев (12:00 ба вақти Маскав) дар наздикии марзи Украина бо Белорус дар соҳили рӯдхонаи Припят баргузор мешавад.

Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар паёми нави худ бори дигар ба Иттиҳодияи Аврупо бо дархости пайвастани фаврӣ тибқи тартиби нави махсус муроҷиат кард.

Владимир Зеленский як паёми видеоии дигар гуфт, талафоти артиши Русия ба 4500 нафар расидааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни даргириҳо дар Украина 15 кӯдак кушта шудаанд. Қаблан вазорати дифои Украина гуфта буд, ки ҳудуди 5300 сарбози рус кушта ва захмӣ ҳастанд. Вазорати дифои Русия дар тамоми давраи амалиёт дар бораи шумори кушташудагон ва захмиён дар миёни контингенти низомӣ хабар надодааст.

Мишел Бачелет, Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар гуфт, ба итилои ин созмон, аз замони шурӯи даргириҳо дар Украина дастикам 102 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи созмон, дастикам 304 ғайринизомии дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Иттиҳоди Аврупо фазои ҳавоияшро барои Русия комилан баст. Дар ин бораи субҳи имрӯз, Маҷаллаи расмии Иттиҳодияи Аврупо дар як хабарномаи вижа хабар медиҳад.

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен гуфт, ки "ҳавопаймоҳои Русия наметавонанд ба фурудгоҳҳои ИА фуруд оянд, аз ин фурудгоҳҳо бархезанд ё дар фазои ИА парвоз кунанд".

Ба ҷуз ин, ИА кори расонаҳои "Russia Today" ва "Sputnik"-ро дар қаламрави худ манъ мекунад ва бастаи нави таҳримҳоро алайҳи "режими Лукашенко" ҷорӣ мекунад.

"Мо ба ғосиби дигар дар ин ҷанг, режими Лукашенко ҳам бо бастаи нави таҳримҳо зарба мезанем, ки бахшҳои хеле муҳимро дар бар мегиранд",- изҳор дошт фон дер Ляйен.

Ҳамчунин Иттиҳодияи аврупо ҳама гуна муомилот бо Бонки марказии Русияро манъ кард.

Вазири тандурустии Украина Виктор Ляшко эълон кард, ки аз оғози даргириҳо дар Украина 352 нафар кушта шудаанд, ки 16 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Вазир шумораи захмиёнро 2040 нафар номбар кард, ки 45 нафари онҳо кӯдак буданд.

Музокироти Русия ва Укроин дар вилояти Гомел оғоз шуд. Шабакаи телевизионии ОНТ хабар медиҳад, ки ба далели амниятӣ макони вохӯрӣ мушаххас нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.