Узви ҳайати Украина дар гуфтугӯҳо бо Русия, раҳбари ҷиноҳи порлумонии Ҳизби "Хидматгори мардум" дар Радаи болоӣ Давид Арахамия гуфт, ягона масъалае, ки ҷонибҳо наметавонанд ба созиш бирасанд, ин эътирофи пайвастани Қрим ва истиқлоли ҷумҳуриҳои "мардумӣ"-и Донетск ва Луганск аст.

Арахамия ҳамчунин сарусадоҳо дар бораи онро ки гӯиё раҳбарияти Украина, аз ҷумла президент Владимир Зеленский аллакай кишварро тарк карда, дар Лаҳистон қарор дорад, шарҳ дод.

"Чанд рӯз пеш мо суҳбати ҷиддие доштем ва тасмим гирифтем, ки то охирин лаҳза дар Украина бимонем. Агар мо ҳалок шавем, рамзе хоҳем шуд ва боқии украиниҳо то охирин қатраи хуни худ мубориза хоҳанд бурд", - изҳор дошт раҳбари ҷиноҳи "Хидматгори мардум".

Президенти Русия Владимир Путин ҳам дар навбати худ дар суҳбат бо раҳбарони Фаронса ва Туркия гуфт, Украина барои қатъи задухурдҳои мусаллаҳона бояд ҳамаи шартҳои Москваро иҷро ва оташкушоиҳо зидди сарбозони русро қатъ кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.